Қарор аст 26 апрел дар Душанбе конфронси байналмиллалӣ роҷеъ ба 20 солагии барқарории муносиботи дипломатии миёни Тоҷикистону Русия баргузор шавад. Дар ин бора хабаргузории “Азия-Плюс” хабар додааст. Ин конфронсро сафорати Русия дар Тоҷикистон дар Душанбе созмон медиҳад. Дар ин конфронс масоили муҳими рушди ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла мушкилот ва дурнамои ҳамкориҳои иқтисодии ду ҷониб дар марҳилаи кунунӣ баррасӣ мешавад.
Интизор меравад, ки дар остонаи ин конфронс Сергей Лавров-вазири хориҷаи Русия рӯзҳои 23 ва 24 апрел аз Душанбе боздид ва бо Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳамрохон Зарифӣ- вазири хориҷа мулоқот кунад.