Ҳавопаймои мусофирбаре дар наздикии фурудгоҳи байналмилалии ба номи Беназир Бҳуттои Исломобод суқут кард. Мақомот мегӯянд, ки ҳавопаймо бо з 127 мусофир, аз ҷумла 111 мусофир аз шаҳри ҷанубии Карочӣ ба самти пойтахт парвоз мекард ва дар ҳангоми фуруд омадан суқут кард. Дар маҳалли ҳодиса гурӯҳҳои наҷотбахш кор мекунанд. Вазири дифоъ Чодрӣ Аҳмад Мухтор гуфт, ки ҳавопаймо оташ гирифтааст, вале ҳанӯз иттилое дар бораи шумори қурбониҳо ё наҷотёфтаҳо дар даст нест. Телевизиони давлатӣ хабар дод, ки тамоми шифохонаҳои наздиктарини Равалпиндӣ ба ҳолати омодабош оварда шудаанд.