Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нирӯҳои вазорати дифоъ ба Ромит сафарбар шуданд


Ҳудуди 300 сарбозу афсари нерӯҳои зудамали вазорати дифоъи Тоҷикистон ба дараи Ромит сафарбар шудаанд. Фаридун Муҳаммадалиев, сухангӯи вазорат ба Радиои Озодӣ дар таъйиди ин хабар гуфт, мувофиқи нақшаи омодагии ҷангӣ дар нерӯҳои мусаллаҳ аз ҷониби як ҷузъи бригадаи десантӣ - зарбавиии нерӯҳои зудамали вазорати дифоъ дар минтақаи кӯҳистони Ромити ноҳияи Ваҳдат машғулиятҳои амалии саҳроӣ дар шароити дашту саҳро ва роҳҳои душворгузари ҳудуди минтақаҳои ҷумҳурӣ ҷараён доранд. Вай афзуд, ҳадаф пеш аз ҳама сайқал додани касбии хизматчиёни ҳарбии ин навъи нерӯҳои мусаллаҳ ва дар амал татбиқ намудани унсурҳои зиддитеррористӣ дар ҳама ҳолат - ҳам номусоидии обу ҳаво ва ҳам кӯҳистони душворгузар аст.
XS
SM
MD
LG