Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президент гуфт, "ин давраи мушкил ҳам мегузарад"


Акс аз торнамои раисиҷумҳури Тоҷикистон
Акс аз торнамои раисиҷумҳури Тоҷикистон

Бо таъкид ба вазъи кишвар ва мушкилоти он раисиҷумҳури Тоҷикистон паёми беҳбуд ва умедворӣ дод.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳурии Тоҷикистон дар оғози паёми солонааш ба Маҷлиси олии кишвар аз ду санаи, ба гуфтаи ӯ, муҳими таърихи давлатдории тоҷикон ёдовар шуд, Яке -- бистсолагии баргузории иҷлосияи 16-уми Шӯрои Оли Тоҷикистон дар тирамоҳи соли 1992 ва дигаре -- 15-солагии имзои Созишномаи умумии сулҳ дар тобистони соли 1997. Ба ин далел ӯ паёми худро «идона» номид.

Вале худи паём начандон рӯҳияи идона дошт. Дар ҷараёни он, раисиҷумҳур чанд навбат таъкид кард, ки дар ин бист сол мардуми Тоҷикистон давраҳои басо душворро пушти сар кард. Дар ҳоле ки қисми зиёди нутқаш аз зикри мушкилоти кишвар иборат буд, раисиҷумҳур гуфт, ҳоло боз ҳам ҳамин гуна як давра пеш омодааст ва он низ пушти сар мешавад. Аммо ӯ душвориеро ба ҳайси мушкили аввалиндараҷаи кишвар ҷудо накард ва рӯшан набуд, нигаронияш бештар аз чист.

Дар паём фазои минтақа ва бахусус набуди ҳамкорӣ дар Осиёи Марказӣ чанд бор зикр шуд. Эмомалӣ Раҳмон аз кишвари хосе ном набурд, вале аз таъбири «кишварҳои ҳамсоя», ки ба гуфтаи ӯ «мушкилоти маснӯӣ» эҷод мекунанд, фаровон истифода кард. Ҳамзамон ба ин ӯ исрор варзид, ки талошҳои дастёфти давлаташ ба манбаи арзони нерӯи барқ на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои минтақа ва аз ҷумла Покистону Афғонистон ҳам муҳим аст.

Вай зарфиятҳои Тоҷикистонро ҷиҳати бо нерӯи барқ таъмин кардани минтақа кофӣ хонда ва кишварҳоеро, ки садди роҳи иҷрои чунин тарҳ мешаванд «ба инсоф» даъват кард. Раисиҷумҳури Тоҷикистон таъкид кард, "ҷонибдори ҳамкории самимона ва аз тариқи гуфтушунидҳои созанда" мебошад: "Агар имкониятҳои транзитиву коммуникатсионии Тоҷикистон ба нафъи ҳамаи кишварҳои минтақа истифода шаванд, магар аз ин ҳама фоида намекунад. Ё баръакс, агар мо аз василаву воситаҳои дар ихтиёри ҳамсояҳо буда истифода бурда тавонем, касе аз ин зарар мебинад? Не мо ин тавр фикр намекунем."

Гузориши аввалӣ дар бораи паёми раисиҷумҳури Тоҷикистон бо иловаи андешаҳои хонандагон.

Аскар Ҳаким (аз тарафи чап) бо иттифоқи Латифи Пидром
Аскар Ҳаким (аз тарафи чап) бо иттифоқи Латифи Пидром
Ба назари Аскар Ҳаким, шоири халқии Тоҷикистон яке аз нукоти муҳими паёми имсолаи раиси ҷумҳурӣ маҳз ҳамин масъалаи ҳамкориҳои минтақаӣ ва изҳори назарҳои «самимона»-и ӯ ҷиҳати аз байн бурдани ин ихтилофот аст: "Таъкид карда шуд, ки давлати Тоҷикистон ҳаргиз иқдоме накардааст, ки ба кишвари дигар зараре биоварад. Масалан агар сохтмони нерӯгоҳҳои барқӣ бошад. Ману Шумо хуб медонем, ки дар сохтмони нерӯгоҳи барқӣ об талаф намеёбад. Баракс захира мешавад. Бинобар ин пешниҳоди раиси ҷумҳур дар бораи баҳрабардорӣ аз чунин сарват дуруст аст."

Вокунишҳои бештар ба паёми солонаи раисиҷумҳури Тоҷикистон бо изофаи назари хонандагон.

Президент Раҳмон ин навбат низ Русияро кишвари шарики боэътимод Тоҷикистон унвон кард. Вай ҳамчунин ҳамкориҳои давлаташро бо Чин ва Амрико боаҳамият хонда, аз ҷомеаи байналмилал хост, ки ба вазъи амниятии минтақа баъд аз хуруҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистон дар соли 2014 беэътино набошанд.

Аммо онгуна, ки зикр шуд, бештари фурсати паёми раиси ҷумҳурӣ ба масоили дохилии кишвар бахшида шуда буд. Раиси ҷумҳури гуфт, ки Тоҷикистон амалан аз соли 2000, баъди хатми ҷанг ва кашмакашҳои он, ба кори ободкориву бунёдгарӣ шурӯъ кард. Ба ин манзур бештари арқому далелҳои худро ҷиҳати қиёсу муқобалагузории авзои иқтисодиву иҷтимоии кишвар ҷаноби Раҳмон бо соли 2000 анҷом дод.

Ба гунаи мисол, ҷаноби Раҳмон гуфт, дар он солҳо, ки иқтисоди кишвар вазнинтарин марҳаларо аз сар мегузаронд, маоши муаллими мактаби миёна ва табиб аз 3 то 7 сомониро ташкил мекард, ки бо шароити имрӯз аслан қобили қиёс нест. Ба гуфтаи раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, чанд соли охир танҳо музди меҳнат 32 баробар афзоиш ёфтааст. Вай афзуд, маоши кормандони соҳаҳои буҷавӣ, стипендия ва нафақаи бознишастагӣ аз аввали сентябри соли ҷорӣ аз 30 то 50 дар сад зиёд хоҳад шуд.

Абдуҷаббор Раҳмонов
Абдуҷаббор Раҳмонов
Зимнан эъломи афзоиши маоши устодон ва донишомӯзонро Абдуҷаббор Раҳмонов, раиси Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон, яке аз нукоти муҳим дар паёми имсолаи раиси ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ ва онро далели тараққӣ кардани иқтисодиёти кишвар донист: "Муҳимтарин масъалаи вобаста ба маориф зиёд кардани маоши омӯзгорон буд. Маоши омӯзгорон шаст фисад ва маоши муассисаҳои то таҳсилоти олӣ то чил фисад боло рафт, ки ин албатта барои беҳтар шудани вазъи иҷтимоии омӯзгорон заминаи мусоид фароҳам меоварад."

Аммо ба қавли Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ, паёми раисиҷумҳур дар бораи сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ умумӣ буд ва бо вуҷуди таъкидаш ба ҳалли тамоми мушкилоти дохилӣ аз роҳи машварату гуфтугӯ, кадом тарҳ ва ё барномаи мушаххас эълон нашуд. Ин ҳам дар ҳолест, ки мегӯяд Кабирӣ, интизориҳо аз паёми раисиҷумҳур бештар буд: "Мушаххасан кадом иқдоме гуфта нашуд. Вале ҳоло бубинем, ки чӣ иқдомоте дар ояндаи наздик анҷом дода
Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ
Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ
мешавад. Президент ин машварат ва гуфтугӯи дохилиро чи гуна ба роҳ мондани аст. Шумо медонед, ки мо борҳо таъкид намудем як муколамаи нави миллӣ ба роҳ монда шавад. Агар ишораи президент ба ҳамин нукта аст, пас бояд аз ҷониби мақомоти давлатӣ чорабиниҳои мушаххас роҳандозӣ шавад, то ҷомеа эҳсос кунад, ки ҳамин гуна иқдомҳо мешаванд."

Имсол бори аввал паёми раисиҷумҳури Тоҷикистон дар "Кохи Сомон"-и бӯстонсарои ҳукуматӣ ва дар ҳузури на танҳо аъзои порлумон, балки намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа садо дод.
XS
SM
MD
LG