Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оташбаси Сурия "шиканандаву ҳассос" аст


Сухангӯи фиристодаи байналмилалӣ Кофӣ Аннон гуфт, ки ҳолати оташбас дар Сурия “хеле шиканандаву ҳассос” буда, вазъ дар дохили кишвар хуб нест. Аҳмад Фавзӣ рӯзи ҷумъа дар Женева гуфт, ки бо қабул шудани қатъномаи Шӯрои амнияти СММ, ки сафарбар шудани 300 нозирро ба Сурия дар назар мегирад, онҳо базудӣ ба минтақа хоҳанд рафт. Ҳоло дар Сурия ҳафт нозир қарор дошта, боз ду нафар рӯзи 23 апрел ва дар як ҳафтаи дигар гурӯҳи 30-нафара ба Сурия мераванд. Дар ҳамин ҳол, телевизиони давлатӣ гуфт, ки 10 ходими амниятӣ дар натиҷаи таркиши бомбаи сарироҳӣ дар ҷануби Сурия кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG