Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи охирини таблиғоти номзадҳои интихоботии Фаронса


Дар Фаронса рӯзи якшанбе даври аввали интихоботи раёсатҷумҳурӣ баргузор мешавад. Ҷумъа охирин рӯзи таблиғоти пешазинтихоботии 10 номзад ба ин курсии баландтарини ҳукумати кишвар аст. Дар даври ниҳоии интихобот рӯзи 6 май қарор аст ду номзади пуртарафдор рақобат кунанд. Ҳоло назархоҳиҳо Николя Саркози ва намояндаи сотсиалистҳо Франсуа Олландро аз пешсафҳои мусобиқот меноманд. Номзади чапгароҳо Жан-Люк Меланшон ва ростгарои тундрав Мари Лё Пен дар мақоми дуюм қарор доранд. Таҳлилгарон мегӯянд, ки дар маҷмӯъ фаронсавиҳо хеле ноумед ҳастанд ва аз ҳар се пурсидашуда як нафарашон гуфтааст, ки дар интихоботи президентии рӯзи якшанбе раъй нахоҳад дод.
XS
SM
MD
LG