Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътиқод ба Худо дар баъзе кишварҳо кам шудааст


Як пажӯҳиш дар Амрико нишон додааст, ки эътиқод ба Худованд дар ҷаҳон андаке таназзул кардааст. Сокинони Филиппин бештар аз ҳама дар дунё эътиқодманд будаанд, ки 94 дар сади онҳо гуфтаанд, ки аминанд, ки Худо вуҷуд дорад. Чилӣ дар мақоми дуввум аст, ки 88 дар сади аҳолаиш ба Худо имон доштаанд ва Амрико дар мақоми саввум, ки 81 дар сади аҳолии он гуфтаанд, Худо ҳаст. Дар кишварҳои собиқи шӯравӣ ва ҳавзаи сотсиалистӣ ба истиснои Лаҳистон эътиқод ба Худованд камтар будааст. Дар Олмони Шарқии собиқ танҳо 13 дар сад ва дар Ҷумҳурии Чех танҳо 20 дар сади аҳолӣ ба Худо бовар доштаанд. Эътиқоди мардум дар чанд кишвар аз ҷумла Русия, Словения ва Исроил бештар шудааст. Пажӯҳиши мазкурро Донишгоҳи Чикагои Амрико бар асоси назархоҳиҳои солҳои 1991, 1998 ва соли 2008 анҷом додааст.
XS
SM
MD
LG