Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хотимаи парвандаи скинхедҳои "ваҳшӣ"


Дар шаҳри Екатеринбурги Русия муҳокимаи се ҷавони сартарошида шурӯъ мешавад, ки хостаанд, як ҷавони тоҷикро зинда оташ бизананд. Кумитаи тафтишотии Русия гуфт, тафтиши парвандаи ин се ҷавони маҳаллиро хотима дода ва барои баррасӣ ба додгоҳ фиристодааст. Ба гуфтаи муфаттишон, ин се ҷавон дар солҳои 2010 -2011 ду муҳоҷири тоҷикро теғ зада ва хостаанд, як нафари дигари онҳо зинда оташ зананд. Аммо хушбахтона ҳамаи онҳо зинда мондаанд. Сартарошидаҳои русро ба талош барои қатл, авбошӣ, барангехтани адовати қавмӣ ва нажодӣ муттаҳам мекунанд. Дар Русия тайи чанд соли гузашта даҳҳо муҳоҷир аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҳамлаҳои бераҳмонаи сартарошидаҳо қурбон шудаанд.
XS
SM
MD
LG