Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се ҷоизаи "Озодагон" ба рӯзноманигорони озодандеш


Ҳафтанома ва хабаргузории «Озодагон» ба муносибати Рӯзи байналмилалии озодии баён се ҷоизаро эълом кардааст.

Он гуна, ки Зафари Сӯфӣ, муасиси ҳафтанома ва хабаргузории «Озодагон» ба РО гуфт, «ҳадафи ин озмун ба хотири пуштибонӣ аз фазои озоди иттилоотӣ дар Тоҷикистон ва арҷгузорӣ ба заҳмати рӯзноманигорони озодандеш дар ростои таҷлили Рӯзи байналмилалии озодии баён аст.»

Ҷаноби Сӯфӣ гуфт, ду ҷоизаи "Озодагон" барои озодатарин рӯзноманигор дар соли 2011 ва як ҷоиза барои рӯзноманигори бону дар соли 2011 ба номи Бӯринисо Бердиева эълом шудааст.

Ба таъкиди вай, ҳамаи рӯзноманигороне, ки дар соли гузашта дар ростои таҳким ва густариши озодии баён нақше доштанду матолибашон дар нашрияҳои кишвар ба чоп расидааст, онро ба идораи ҳафтанома ва хабаргузории «Озодагон» ироа мекунанд ва пас аз баррасии ҳайати доварон, номи барандагони ҷоиза дар маросими Рӯзи байналмилалии озодии баён дар таърихи 3-юми май, эълом мешаванд.

Зафари Сӯфӣ,муасcиси ҳафтанома ва хабаргузории «Озодагон»
Зафари Сӯфӣ,муасcиси ҳафтанома ва хабаргузории «Озодагон»
Ҳар сол 3-юми май ба унвони Рӯзи байналмилалии озодии баён дар Тоҷикистон таҷлил мешавад, ки дар баргузории маҳофиле ба ин муносибат, созмонҳои дифоъ аз жукрналистон ва расонаҳои мустақили Тоҷикистон саҳм доранд.

«Озодагон», аз ҷумлаи нашрияҳои муваффақ дар матбуоти мустақили тоҷик маҳсуб мешавад, ки чанд сол боз фаъол аст. Муассиси ин нашрия хабаргузориеро бо ин ном соли гузашта дар Тоҷикистон номнавис ва дар шабакаи ҷаҳонии Интернет торнамо (сайт)-и худро боз кард. Ҳафтае қабл хабаргузории «Озодагон» ба сатҳи минтақаӣ бароварда шуд. Зеро масъулони он, хабаргузориро дар хориҷ аз кишвар, ба хусус Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Эрон сабти ном карданд.

Ҳамчунин дастандаркорони «Озодагон» талош доранд, то ин хабаргузориро дар Узбакистон низ сабти ном кунанд.

«Озодагон» нахустин хабаргузори хусусии тоҷикист, ки дар ниҳодҳои давлатии бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Ин хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир хабарҳоро бо забони тоҷикӣ ва русӣ нашр мекунад.
XS
SM
MD
LG