Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абӯ Қатада дар Бритониё дубора боздошт шуд


Дар Бритониё Абӯ Қатада, як рӯҳонии мусалмон, ки дар робита бо шабакаи “Ал-Қоида” айбдор мешавад, дубора боздошт шуд.

Мақомоти Бритониё барои истирдоди Абӯ Қатада ба зодгоҳаш Урдун талош хоҳанд кард. Дар Урдун алайҳи Абӯ Қатада бо иттиҳоми даст доштан дар терроризм парвандаи ҷиноӣ боз шудаааст.

Аз ин пеш Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар ба истирдоди Қатада ба Урдун мухолифат карда буд, зеро хатаре мавҷуд аст, ки он ҷо алайҳи ӯ аз шиканҷа кор бигиранд.

Акнун Лондон аз мақомоти Урдун хостори кафолати баргузории мурофиаи додгоҳии одилонаи Қатада шудааст.

Абӯ Қатада, ки раҳбари “Ал-Қоида” дар Аврупо маҳсуб мешавад, шаш соли умрашро дар як маҳбаси Бритониё сипарӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG