Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Исмоили Сомонӣ” сарпарасти “Вахш” шуд


Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи “Ширкати ҳолдингии “Исмоили Сомонӣ” яке аз сарпарастони бошгоҳи футболи “Вахш”-и Қӯрғонтеппа гардид.

Исроил Шарифов, раиси бошгоҳи футболи “Вахш”, ба “Озодӣ” гуфт, “ширкати “Исмоили Сомонӣ” маблағгузории нисфи хароҷоти бошгоҳро дар мавсими имсола ба ӯҳда гирифт. Қисми боқимондаи маблағи хароҷотро мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар вилояти Хатлон ва шаҳри Қӯрғонтеппа пардохт мекунанд.”

Ҷаноби Шарифов афзуд, соли 2009-ум дастаи “Вахш” таҳти сарпарастии Ширкати “Исмоили Сомонӣ” ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон мушарраф шуда буд. Ду соли ахир бошад, даста аз ҳисоби буҷаи вилояти Хатлон ва шаҳри Қӯрғонтеппа маблғгузорӣ карда мешуд.

Ёдовар мешавем, тими “Вахш” (сармураббиаш Салоҳиддин Ғафуров) дар мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии кишвар миёни дастаҳои лигаи олӣ як бозӣ анҷом дода, дар меҳмонӣ бар тими “Парвоз”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ҳисоби 1:0 пирӯз шудааст.

Футболбозони шаҳри Қӯрғонтеппа, ки аз бозии даври дувум озод буданд, дар даври севум рӯзи 22-юми апрел дар Душанбе бо ССКА “Помир” рақобат хоҳанд кард.

Қайд кардан ҷоиз аст, ки ба ҳайати имсолаи тими “Вахш”, аслан, бозигарони наврасу ҷавони шаҳри Қӯрғонтеппа дохиланд, ки ҳафт нафарашон дар ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон моҳи июни соли ҷорӣ дар даври ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё миёни футболбозони то 22-сола ширкат хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG