Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натоиҷи бозиҳои даври аввали Лигаи олӣ


Рӯзҳои истироҳат 7-уму 8-уми апрел панҷ бозии даври аввали мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ баргузор шуд.

Дастаи "Хайр"-и Ваҳдат дар майдони худ бар "Истаравшан"-и Истаравшан бо ҳисоби бузурги 4:1 ғалаба кард. Обидҷон Исмоилов, ҳамлагари дастаи "Хайр", дар дақиқаи 20-уми бозӣ аз ҷаримаи ёздаҳметра ҳисобро боз намуд. Дар воқеъ, ин аввалин голи мусобиқоти имсола ба ҳисоб меравад.

Муҳаммад Гулипур, легионери эронӣ, дар дақиқаи 37-ум голи дувуми мизбононро ба ҳадаф расонд. Дар замони изофии қисми аввали дидор Шариф Зиёев, бозигари "Истаравшан", аз пеналтӣ ҳисобро тағйир дод. Аммо баъдан Мирзобек Мирзоев дар дақиқаи 73-юм ва Исроил Идиев, капитани дастаи "Хайр", дар дақиқаи 79-ум ба дарвозаи "Истаравшан" боз ду гол заданд.

Пас аз анҷоми бозӣ Шӯҳрат Шамсиев, сармураббии дастаи нави Лигаи олӣ - “Истаравшан”, ба хабарнигорон гуфт, “пирӯзии мизбонон ҳаққонӣ буд ва онҳоро бо ғалабаашон табрик мекунам. Бозӣ таассуроти хуб боқӣ гузошт. Бачаҳои мо ҳоло камтаҷрибаанд ва умедворем, ки аз бозӣ ба бозӣ хубтар ҳунарнамоӣ хоҳанд кард. Бурди аслии мо, албатта, бозгашти дастаамон ба Лигаи олии футболи кишвар мебошад.”

Тоҳир Мӯъминов (чап) ва Шӯҳрат Шамсиев (рост)
Тоҳир Мӯъминов (чап) ва Шӯҳрат Шамсиев (рост)
Тоҳир Мӯъминов, сармураббии тими “Хайр”, бо вуҷуди пирӯзии дастааш аз бозии шогирдони худ чандон изҳори хурсандӣ накард. Ӯ гуфт, “мо ғалаба кардем, вале ман чандон қаноатманд нестам. Бояд мо баҳои объективӣ диҳем, дар чунин майдон бозӣ кардан душвор аст. Бинобар ин бозӣ саргум буд. Мо ба бозии оянда бо тими қаҳрамон -“Истиқлол”, ки дар меҳмонӣ баргузор мешавад, хуб омодагии хоҳем дид.”

Бозии дигар миёни дастаҳои "Энергетик"-и Душанбе ва "Хуҷанд"-и Хуҷанд дар варзишгоҳи "Барқ"-и Норак барпо гардид. Ин бозӣ бо натиҷаи мусовӣ - 2:2 поён ёфт.

Нахуст Шӯҳрат Умаров, ҳамлагари "Хуҷанд", дар дақиқаи 50-ум ҳисобро кушод. Сипас, Габриэл Донто, легионери африқоии тими "Энергетик", дар дақиқаҳои 69-ум ва 71-ум ду гол зад. Дар дақиқаи 84-уми дидор Манучеҳр Аҳмадов, бозигари "Хуҷанд", боз ҳисобро баробар намуд.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:06 0:00
Линки мустақим


Гуфтан ҷоиз аст, ки дар ин бозӣ Самад Шоҳзуҳуров, бозигари “Энергетик”, дар дақиқаи 28-ум аз ҷаримаи 11-метра истифода карда натавонист.

Лаҳзе аз бозии дастаи "Истиқлол" бо "Ҳосилот"
Лаҳзе аз бозии дастаи "Истиқлол" бо "Ҳосилот"
Се бозии дигари даври аввал рӯзи якшанбе, 8-уми апрел, сурат гирифт. Дастаи "Истиқлол"-и Душанбе дар варзишгоҳи "Металлург"-и Турсунзода бар тими нави Лигаи олӣ - "Ҳосилот"-и Фархор бо ҳисоби бузурги 4:1 ғолиб омад.

Нимҳимоятгар Дилшод Восиев, капитани “Истиқлол”, дар дақиқаи 12-ум тӯбро аз пеналтӣ ба тӯри дарвозаи “Ҳосилот” зад. Баъди 17 дақиқа ӯ ҳисобро афзун кард. Дилшод дар дақиқаи 34-ум имкон дошт, ки “хет-трик” намояд, яъне голи севумашро ба самар расонад, вале ин дафъа зарбааш хато хӯрд. Тӯби задааш аз болои тири дарвоза гузашт. Чунин ба назар мерасид, ки ӯ “қасдан” тӯбро хато зад.

Бозигарони “Истиқлол” Юсуф Рабиев (дақиқаи 49-ум) ва Давронҷон Эргашев (58) дар нимаи дувуми дидор боз ду бор дарвозабони “Ҳосилот” Маъруф Нуралиевро маҷбур карданд, ки тӯбро аз тӯри дарвозааш бигирад.

Як голи фархориҳоро ҳамлагар Ҷумъахон Азизов дар дақиқаи 78-ум ба ҳадаф расонд.

Баъд аз анҷоми ин бозӣ нишасти матбуотӣ доир шуд. Никола Кавазовичи сербиягӣ, сармураббии тими “Истиқол”, ба хабарнигорон гуфт, “аз натиҷаи бозӣ қаноатмандам, вале аз бозии дастаам на хайр. Ҳарчанд бо ҳисоби калон пирӯз шудем, вале бозигарон дастури моро иҷро накарданд. Ман дар футбол ҳуҷумро тарафдорам. Аз ин рӯ имсол “Истиқлол” аз рӯи тарҳи 3-4-3 бозӣ хоҳад кард.”

Тағай Дӯстов (чап) ва Никола Кавазович (рост)
Тағай Дӯстов (чап) ва Никола Кавазович (рост)
Тағай Дӯстов, сармураббии дастаи “Ҳосилот”, аз бозии шогирдонаш дар нахустин дидор бо қаҳрамони дукаратаи Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда, гуфт, "Истиқлол"-ро бо ғалабааш табрик мегӯям. Ба бохт бо ҳисоби калон нигоҳ накарда, бозигарони мо муқобили дастаи пурқуввату ботаҷриба, ба назари ман, бад бозӣ накарданд ва ҳатто як гол ҳам заданд. Албатта дар бозии аввал камбудиҳо зиёд буданд ва мо аз паи ислоҳи онҳо мешавем ва мекӯшем, ки дар бозиҳои оянда хотири мухлисонамонро шод гардонем.”

Дастаи "Равшан" дар майдони худ - варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб бар тими ҷадиди Лигаи олӣ - "Зарафшон"-и Панҷакент бо ҳисоби 2:0 ғалаба кард. Голҳоро Фозил Сатторов дар дақиқаи 11-ум ва Нӯъмонҷон Ҳакимов дар дақиқаи 89-ум заданд.

Тими "Парвоз"-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар варзишгоҳи худ - "Фурудгоҳ" аз тими меҳмон - "Вахш"-и Қӯрғонтеппа бо ҳисоби 0:1 мағлуб гашт. Голи ягонаро Комрони Мирзохон, бозигари ҷавони меҳмонон, дар дақиқаи 85-уми дидор ба самар расонд.

Бозии охирини даври аввали мусобиқа миёни дастаҳои "Гвардия"-и Душанбе ва "Регар-ТадАЗ"-и Турсунзода имрӯз, 9-уми апрел, дар варзишгоҳи "Металлург"-и шаҳри Турсунзода доир шуд. Бозӣ бо ғалабаи “Регар-ТадАЗ” бо ҳисоби 3:0 поён ёфт. Голҳоро Виктор Лиховидко (5), Ҷамшед Исмоилов (47, пеналтӣ) ва Аҳтам Ҳамроқулов (89) заданд.

Тими ССКА “Помир”-и Душанбе аз бозии даври аввал озод буд. Ҳамин тариқ баъди натиҷагирии бозиҳои даври якум тимҳои “Истиқлол”, “Хайр”, “Регар-ТадАЗ”, “Равшан” ва “Вахш” сеимтиёзӣ, “Хуҷанд” ва “Энергетик” якимтиёзӣ ба даст овардаанд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот:

Ҷой

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1-2.

«Истиқлол”

1

1

0

0

4-1

3

1-2.

«Хайр”

1

1

0

0

4-1

3

3.

Регар-ТадАЗ”

1

1

0

0

3-0

3

4.

«Равшан”

1

1

0

0

2-0

3

5.

«Вахш”

1

1

0

0

1-0

3

6-7.

“Хуҷанд”

1

0

1

0

2-2

1

6-7.

«Энергетик”

1

0

1

0

2-2

1

8.

“Парвоз”

1

0

0

1

0-1

0

9.

«Зарафшон”

1

0

0

1

0-2

0

10-11.

«Истаравшан”

1

0

0

1

1-4

0

10-11.

“Ҳосилот”

1

0

0

1

1-4

0

12.

“Гвардия”

1

0

0

1

0-3

0

13.

ССКА “Помир”

0

0

0

0

0-0

0


Голзанҳои беҳтарин: Дилшод Восиев («Истиқлол»), Габриэл Донто (“Энергетик”) – 2-голӣ.

Даври 2-юм

14-уми апрел (шанбе)

«Истаравшан» - «Равшан». Варзишгоҳи ноҳияи Спитамен.
«Зарафшон» - «Энергетик». Варзишгоҳи шаҳри Панҷакент.
«Истиқлол» - «Хайр». Варзишгоҳи “Металлург”-и Турсунзода.

15-уми апрел (якшанбе)

«Ҳосилот» - ССКА «Помир». Варзишгоҳи ноҳияи Фархор.
«Регар-ТадАЗ» - «Парвоз». Варзишгоҳи “Металлург”.
«Хуҷанд» - «Гвардия». Варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолият”.

Оғози бозиҳо – соати 16.00

Натоиҷи бозиҳои даври аввали ҳайатҳи ҷавонони дастаҳои Лигаи олӣ:

«Хайр» - «Истаравшан» - 5:4
Голҳо: Саидакбар Азимзода, 6, Фирӯз Абдураҳмонов, 7, 15, 37, Муҳсинҷони Абдуҷаббор, 13 – Беҳзод Мӯсоев, 22, Акбар Шарифов, 29, Бахтиёр Холиқов, 55, Сӯҳроб Сабуров, 75.

«Парвоз» - «Вахш» - 1:6
Голҳо: Абдурашид Мирхолиқов, 90 – Наим Улмасов, 5, Бозори Раҷабалӣ, 37, 68, Бехрӯзҷон Ниёзов, 78, Инъом Хоҷаев, 62, Сиёвуш Асроров, 81.

«Истиқлол» - «Ҳосилот» - 2:0
Голҳо: Сиёвуш Муҳсинов, 24, Фирӯз Бобиев, 53 – аз пеналтӣ.

«Энергетик» - «Хуҷанд» - 1:3

«Гвардия» - «Регар-ТадАЗ» - 0:3

Бозии ҳайатҳои ҷавонони дастаҳои «Равшан» ва «Зарафшон» ба мӯҳлати дертар гузошта шуд.
XS
SM
MD
LG