Пайвандҳои дастрасӣ

Бозгашти паҳлавонони тоҷик аз Қазоқистон бо се медал


Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо миёни ҷавонон ба хотираи мураббии варзида Валерий Клобутско дар шаҳри Шимкенти Қазоқистон се медал ба даст оварданд.

Ба иттилои Муродалӣ Тешаев, котиби матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар ин мусобиқа 320 варзишгар аз Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистон ширкат дошт.

Тоҷикистонро се гуштигири ҷавон намояндагӣ кард. Саидмухтор Расулов дар рақобатҳо дар вазни то 73 кг ва Рашид Зиёбеков дар вазни то 81 кг ҷойҳои аввалро касб карда, бо медалҳои тилло мукофотонида шуданд.

Рауф Зиёбеков дар вазни то 90 кг ҷойи дувумро соҳиб шуд ва бо медали нуқра сарфароз гашт.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG