Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маскав номи раҳбари сӯиқасд ба Путинро эълон кард


Хадамоти амнияти федерол ё ФСБ-и Русия ҷангсолори чечен Доку Умаровро тарроҳи сӯиқасди ноком ба ҷони раисиҷумҳури мунтахаби Русия, Владимир Путин номид. Бори нахуст телевизиони давлатии Русия 27-уми феврал дар бораи ин тарҳ хабар дод. Ба гуфтаи он, хадамоти амниятии Русия ва Украина ду ҳамлавари эҳтимолиро дар шаҳри Одесса боздошт кардаанд. Пахши хабар дар айни авҷи корзори интихоботии Русия, бисёриҳоро водор кард, онро як амали таблиғотӣ унвон намоянд.
XS
SM
MD
LG