Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Платинӣ Украинаро танқид кард


 Ифтитоҳи терминали нави фурудгоҳи Лвов бо иштироки Мишел Платинӣ вараҳбарони Украина
Ифтитоҳи терминали нави фурудгоҳи Лвов бо иштироки Мишел Платинӣ вараҳбарони Украина
Раиси Иттиҳодияи Футболи Аврупо (UEFA) Мишел Платинӣ “роҳзанҳову қаллобон”-ро масъули нархҳои осмонбӯси меҳмонсароҳои Украина дар арафаи ҷемпионати имсолаи футболи Аврупо- Euro 2012 номидааст.
Укриана ҳамроҳ бо Полша ва ё Лаҳистон мизбонии ин мусобиқаро дар дӯш дорад. Рӯзи панҷшанбе дар шаҳри украинии Лвов Платинӣ гуфт, ки баъзе меҳмонхонаҳо нархҳоро даҳ баробар боло бурдаанд ва дар ҳолатҳои дигар, баъзе меҳмонхонаҳо мувофиқатҳои қаблан ҳосилшударо иҷро намекунанд.
Муовини сарвазири Украина Борис Колесников, ки Платиниро ҳамроҳӣ мекард, гуфт, “дар давоми 30 рӯз” мушкилӣ ҳал мешавад.
Ҳамчунон рӯзи панҷшанбе Платинӣ ҳамроҳ бо президенти Украина Виктор Янукович дар маросими ифтитоҳи ботантанаи яке аз терминалҳои нави фурудгоҳи шаҳри Лвов иштирок кард.
XS
SM
MD
LG