Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Генерал Шарифов: "Ёқуб Салимов дармон хоҳад шуд"


Иззатулло Шарифов, сардори Раёсати умури зиндонҳои вазорати адлияи Тоҷикистон.
Иззатулло Шарифов, сардори Раёсати умури зиндонҳои вазорати адлияи Тоҷикистон.

Иззатулло Шарифов, сардори Раёсати умури зиндонҳои вазорати адлияи Тоҷикистон, гуфт, Ёқуб Салимов мавриди муоинаи тиббӣ қарор хоҳад гирифт.

Вай дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ афзуд, "ҳатман ташхиси тиббӣ мекунем. Онҳо касе набошанд ва кадом ҷинояте содир накарда бошанд, инсон ҳастанд. Бояд мо онҳоро нигоҳубин кунем. Мутахассисонро даъват мекунам ва ӯро муоина мекунанд."

Ӯ ин ҳарфҳоро дар посух ба дархости Ёқуб Салимов, вазири пешини умури дохилӣ, баён дошт, ки дар зиндон ба сар мебарад ва рӯзи 11-уми апрел хостори муоинаи тиббӣ шудааст. Салимов ин дархостро тавассути вакили мудофеи худ Шӯҳрат Қудратов ба мақомоти марбута расонидааст.

Ёқуб Салимов
Ёқуб Салимов
Шӯҳрат Қудратов, вакили мудофеи Ёқуб Салимов мегӯяд, рӯзи чоршанбеи 11-апрел бо нафари зери ҳимояи худ дар боздоштгоҳи муваққатӣ мулоқот кардааст. Вай гуфт, ба мушоҳидаи ӯ вазъи сиҳҳати Ёқуб Салимов хуб нест ва ӯ ниёз ба кӯмаки пизишкон дорад. "Ёқуб Салимовро дарди сар, пой ва он қисмат аз аъзои бадани ӯ, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ захмӣ шудааст, азият медиҳад",-афзуд ӯ.

Ин ҳам дар ҳолест, ки Шӯҳрат Қудратов, дар як моҳи пеш низ бо Ёқуб Салимов дидор дошта ва ба гуфтаи вакили мудофеъ он замон вазъи сиҳатии нафари таҳти ҳимояташ хуб буд, аммо рӯзи гузашта вазъи Салимовро комилан ба гунаи дигар дидааст.

Ҳамчунин ба таъкиди вакили дифоъ зерҳимояаш аз додситони кулли Тоҷикистон хоҳиш кардааст, то шароити нигаҳдории ӯ дар маҳбас ба қонун мутобиқ гашта, ӯ аз маҳкамаи муваққат ба маҳбас интиқол дода шавад. Шӯҳрат Қудратов мегӯяд, ин талаби Салимов ҳанӯз аз замони оғози иҷрои ҷазо аз соли 2004 борҳо такрор шуда, вале ҳамеша аз он сарфи назар шудааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки Ашӯрбӣ Салимова, модари 86-солаи Ёқуб Салимов, ки дар шаш моҳи пеш бо писараш мулоқоти дусоатае доштааст, дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфта буд, писараш дар як чордевори бетонӣ нигаҳдорӣ мешавад ва аз дидани вазъи ӯ то ба ҳол "об аз гулӯяш намегузарад". "Гуфтам, бачам, маро хушрӯ нигаҳ кун, ман акнун кӯр шудаам. Гуфт, очаҷон, аз ҳамон оҳанпораҳои ба чашмам расида, ман ҳам дигар дида наметавонам, одамро дуруст шинохта наметавонам. Ақаллан дар як-ду моҳ ягон духтурро ба муоинаи ман намефиристанд",-шиква карда буд хонум Салимова.

Шӯҳрат Қудратов
Шӯҳрат Қудратов
Дар зимн, Ёқуб Салимов, вазири собиқи умури дохилии Тоҷикистон, рӯзи 25-уми апрели 2005 бо ҳукми Додгоҳи олии ин кишвар дар хиёнат ба ватан, бандитизм, сӯистифода аз мансаб ва нигаҳдошти ғайриқоунӣ ва тиҷорати силоҳ гунаҳкор ва ба 15 соли зиндон маҳкум шудааст. Додгоҳ ҳамчунин ӯро аз тамоми рутбаҳои низомӣ ва ҷоизаҳои давлатӣ маҳрум карда, ӯ баъд аз адои ҳукми зиндон низ то панҷ соли дигар ҳаққи фаъолият дар кадом мансаби давлатӣ, аз ҷумла низомиро нахоҳад дошт.

Ёқуб Салимов, собиқ фармондеҳи Фронти Халқӣ дар замони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон дар сари қудрат овардани Эмомалӣ Раҳмон - раисиҷумҳури кунунӣ дар соли 1992-юм нақши зиёд доштааст. Соли 1997-ум ӯ бо шариконаш дар Тоҷикистон ба зидди нерӯҳои давлатӣ ошӯб бардошт, аммо саркӯб шуда, ба хориҷа фирор кард.

Ӯро соли 2003-юм бо дархости мақомоти Тоҷикистон дар шаҳри Маскав боздошт карда ва соли 2004-ум ба Душанбе истирдод намуданд. Бар асоси афви ахири эълоншуда (моҳи сентябри соли 2011) ду сол аз мӯҳлати ҳукми Ёқуб Салимов кам гардид ва ӯ се соли баъдиро низ дар зиндон сипарӣ хоҳад кард.

Аз бойгонии "Озодӣ": "Ба фарзандам раҳм кунед"

Модари Ёқуб Салимов: "Ба фарзандам раҳм кунед"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:46 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG