Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Моҷарои ҷавонон дар Ваҳдат. Як нафар кушта, 4 тан захмӣ


Tajikistan -- Security forces operation in Vahdat, 02Aug2010
Tajikistan -- Security forces operation in Vahdat, 02Aug2010

Бар асари задухӯрди ду гурӯҳи ҷавонон дар шаҳри Ваҳдат, як нафар кушта ва ва чор нафари дигар захмӣ шудаанд.

Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи вазорати корҳои дохилӣ гуфт, Анушервон Шероромов, сокини 23 - солаи шаҳри Ваҳдат ҳангоми задухӯрди ду гурӯҳи ҷавонон дар майдончаи варзишии мактаби миёнаи № 1 аз олоти буранда ҷароҳати ҷисмонӣ гирифта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Вай афзуд, задухӯрд ҳангоми бозии футбол миёни ду даста сар задааст.

Бино ба гуфтаи ин манбаъ, дар ҳоли ҳозир 7 нафар дастгир шуда, 3 нафари дигар дар ҷустуҷӯ қарор доранд.

Задухӯрд миёни гурӯҳҳои ҷавонон ва мактабиён солҳои ахир нигаронии мақомотро низ ба бор овардааст. Чанде қабл аз афзоиши ҳамчунин маворид шахсан Рамазон Раҳимов, вазири корҳои дохилӣ изҳори нигаронӣ карда буд.

Хадамоти (идораи) пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони ин вазорат дастур гирифтааст, ки дар мактабҳои маъракаҳои фаҳмондадиҳӣ роҳандозӣ кунад.

Аммо бино ба иттилои манобеи ғайрирасмӣ, даргирӣ миёни шогирдон ба ҷуз шаҳри Душанбе дар дигар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ҳам рух медиҳанд.

Тибқи иттилои вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, соли 2011 дар шаҳри Душанбе 10 мавриди даргирӣ миёни мактабиён сабт шудааст.
XS
SM
MD
LG