Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Евронюс" дар бораи Тоҷикистон бештар хоҳад гуфт


Тоҷикистон бо шабакаи хабарии "Евронюс" дурнамои ҳамкориҳоро мавриди баррасӣ қарор додааст.

Ин мавзӯъ дар мулоқоти Рустамҷон Солиев, намояндаи доимии Тоҷикистон дар Иттиҳодияи Аврупо бо Питер Барабас-сардабири ширкати телевизионии "Евронюс" баҳс шудааст.

Тибқи иттилои вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон, дар ин мулоқот ҷониби Тоҷикистон ва "Евронюс" дурнамои ҳамкориҳо барои пахши мавод роҷеъ ба масъалаҳои иқтисодӣ, сармоягузорӣ, энержӣ, ҷаҳонгардӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро баррасӣ карданд.

Эмомалӣ Раҳмон зимни гуфтугӯ бо телевизиони "Евронюс"
Эмомалӣ Раҳмон зимни гуфтугӯ бо телевизиони "Евронюс"
Ин дар ҳолест, ки ҳамагӣ чанд рӯз қабл раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ин расонаи машҳури хабарӣ гуфтугӯи вижа анҷом дода буд. Мусоҳибаи раисиҷумҳури Тоҷикистон бо расонаҳои хабарӣ кам иттифоқ меафтад ва ин аввалин гуфтугӯи ӯ бо чунин расона дар чанд соли охир буд.

Соли гузашта ҳукумати Тоҷикистон дар арафаи 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон барои муаррифии ҳарчӣ бештари кишвар ба мардуми кишварҳои олам, ширкати давлатии "Талко"-ро муваззаф карда буд, ки бо шабакаи маъруфи "Евронюс" барои 16 рӯз қарордод бубандад ва аз тариқи ин шабака, наворҳои таблиғотӣ роҷеъ ба Тоҷикистонро пахш кунад. Шурӯъ аз 25-уми август то 9-уми сентябри соли ҷорӣ ин наворҳо, ки ҳар кадомашон аз 30 сония иборат буд, аз тариқи шабакаи телевизионии "Евронюс" пахш шуда буданд. Ба гуфтаи масъулони ширкати "Талко", маблағи ин тарҳ беш аз 120 ҳазор евроро ташкил медод.

Барномаҳои телевизионии «Евронюс» дар ҳоли ҳозир бо даҳ забон, аз ҷумла англисӣ, русӣ, фаронсавӣ, форсӣ ва арабӣ пахш мешаванд.

«Евронюс» аз сӯи ширкатҳои телевизионии кишварҳои Аврупо дар соли 1993 таъсис шудааст ва имрӯз дар баробари Си-Эн-Эн ва Бӣ-Бӣ-Сӣ яке аз шабакаҳои бонуфузи хабарӣ маҳсуб мешавад.

Ин шабака дар сартосари ҷаҳон садҳо миллион бинанда дорад ва бо барномаҳои шабонарӯзии худ ахбори дасти аввали минтақа ва ҷаҳонро пахш мекунад. Ин шабакаи ҷаҳонӣ, ки дар шаҳри Лиони Фаронса воқеъ аст, дар авохири соли 2010 ба пахши барномаҳои худ бо забони форсӣ шурӯъ кард.

«Евронюс» дуввумин телевизиони ҷаҳонист, ки пахши барномаҳо ба забони форсиро роҳандозӣ мекунад. Соли 2009 телевизиони маъруфи Бӣ-Бӣ-Сӣ низ шабакаи форсии худро таъсис дода буд.
XS
SM
MD
LG