Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се муштзани тоҷик -- дар даври ниманиҳоӣ


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар мусобиқаи интихобии олимпии осиёӣ оид ба бокс, ки дар шаҳри Остонаи Қазоқистон ҷараён дорад, се варзишгари тоҷик ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфтанд.

Собирҷон Назаров, ки дар рақобатҳо дар вазни то 75 кг бар ду рақибаш – Кгиангкай Сукхум (Тайланд) ва Ю-Тинг Янг (Тайван) аз рӯи холҳо бо ҳисоби якхелаи 16:11 пирӯз шуд, дар даври ниманиҳоӣ бо Аббос Атоеви узбакистонӣ, қаҳрамони дукаратаи ҷоҳон, вориди рақобат мешавад.

Ёдовар мешавем, Собирҷон Назаров пас аз Анвар Юнусов дувумин муштзани тоҷик аст, ки ҳаққи ширкат дар Бозиҳои XXX тобистонаи олимпӣ дар Лондон ба даст овардааст.

Муштзани дигари тоҷик Ҷаҳон Қурбонов дар рақобатҳо дар вазни то 81 кг дар даври чаҳорякниҳоӣ бар Ерденебайар Сандрагсурен (Муғулистон) бо натиҷаи 19:16 дастболо шуд ва ба нимфинал баромад. Ӯ дар даври ниманиҳоӣ бо муштзани Қирғизистон Сергей Скляров рақобат мекунад.

Асрор Воҳидови 16-сола, муштзани аз ҳама ҷавони ин мусобиқа, дар нахустин қувваозмоияш рӯзи 9-уми апрел Ҳасан Алӣ Носири 19-солаи ироқиро бо ҳисоби 13:11 шикаст дод ва дар даври ниманиҳоӣ бо Наойя Иноуи ҷопонӣ зӯрозмоӣ мекунад. Наойяи 19-сола, ки барандаи Ҷоми президенти АИБА мебошад, дар даври муқаддамотӣ бар Асилбек Назаралиеви қирғиз бо бартарии комил ғолиб омад.

Дар ин мусобиқа, ки барои муштзанҳои Осиё охирин имкони ба даст овардани роҳхатҳои олимпӣ маҳсуб мешавад, варзишгарони 28 кишвари қора барои дарёфти роҳхатҳо ба Олимпиадаи Лондон-2012 мубориза мебаранд.

Вале шаш намояндаи Тоҷикистон - Сафовиддин Юсуфӣ (то 52 кг), Мададӣ Нағзибеков (то 60 кг), Назири Пиракӣ (то 64 кг), Наврӯз Ҷафоев (то 69 кг), Диловаршоҳ Абдураҳмонов (то 91 кг) ва Меҳроҷиддин Каримов (+91 кг) аз рақибонашон шикаст хӯрданд ва аз ҳаққи идомаи мубориза барои роҳхатҳои олимпӣ маҳрум шуданд.

Рӯзи 9-уми апрел Меҳроҷиддин Каримов, “Гулливер”-и тоҷик, дар вазни сангинтарин дар даври аввал бо Зилей Тзанг (Чин) қувва озмуд. Вале дар раунди дувум, ҳангоме ки ҳисоб баробар – 7:7 буд, духтур Меҳроҷиддинро ба иллати хунравӣ аз биниаш аз сабқат хориҷ кард.

То ҳоло муштзанҳои Туркманистону Узбакистон дар ин мусобиқа ду роҳхатӣ ва варзишгарони Қазоқистон, Тоҷикистон, Ҳиндустону Эрон як роҳхатӣ гирифтаанд. Мубориза барои 17 роҳхати дигар идома дорад.

Имрӯз, 10-уми апрел, дар мусобиқа рӯзи истироҳат эълон шудааст. 11-уми апрел қувваозмоиҳои даври ниманиҳоӣ ва 12-уми апрел даври ниҳоӣ баргузор мешаванд.
XS
SM
MD
LG