Пайвандҳои дастрасӣ

Бишкек монеи вуруди ғайриқонунии колои чинӣ ба Тоҷикистон


Ҳукумати Қирғизистон тасмим гирифтааст дар гузаргоҳи Қарамиқ постгоҳи назорати ҳаракати нақлиёт таъсис диҳад.

Дар ин бора сомонаи ҳукумати Қирғизистон рӯзи душанбе иттилоъ додааст. Дар миёни панҷ дидбонгоҳе, ки дар имтидоди марзи муштараки Қирзистону Тоҷикистон вуҷуд дорад, маҳз дар дидбонгоҳи Қарамиқ-Ҷиргатол ин постгоҳ гузошта хоҳад шуд.

Ҳадафи он назорати ҳаракати ғайриқонунии транзити нақлиёти бору колое ҳаст, ки аз Чин ба Тоҷикистон интиқол меёбанд.

Ба навиштаи сомонаи Ҳукумати Қирғизистон, мошинҳои борбари Чин ҳангоми ворид шудан ба қаламрави ин кишвар, аз гузаргоҳи «Иркештам-Саритош-Ош» убур накарда, мустақиман аз гузаргоҳи Иркештам ба Қарамиқ омада аз онҷо вориди ноҳияи Ҷиргатол, қаламрави Тоҷикистон мешаванд.

Вазорати нақлиёти Қирғистон ба ҳукумати ин кишвар пешниҳод кардааст, ки ба хотири ҷилагирӣ аз ин хатти ғайриқонунии ҳаракати нақлиёт, дар гузаргоҳи «Қарамиқ» постгоҳи назоратӣ гузошта шавад.

Кумитаи марзбонии Тоҷикистон гуфт, ки ҳанӯз аз ин амали мақомоти Қирғизистон иттилои комил надоранд, зеро ба таври расмӣ ба онҳо кадом санаде дар ин масъала пешниҳод нашудааст.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG