Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нобинои таронасаро лаб аз достон фурӯ баст


Хосият, яке аз нобиноён.
Хосият, яке аз нобиноён.

Зиндагии се зани нобинои яккаву танҳо дар Кӯлоб, бо бистарӣ шудани ягона ҳамроҳи солимтарашон, дучори мушкил шудааст.

Хосият, нобиное, ки бо ду тан аз ҳамтақдиронаш солҳои тӯлонӣ дар як ҳуҷраи хоса барои нобиноён ба сар мебурд ва аксаран бо роҳи сурудхонӣ ризқи ин «хонавода»-ро фароҳам мекард, ҳамакнун бистарист. Пойҳое, ки Хосиятро ба кӯчаву бозори Кӯлоб мебурд, сахт дард мекунанд ва дигар ба ӯ имкони гаштугузорро намедиҳанд. Зиндагии ин се узви як хонаводаи яккаву танҳои нобино, аз ҳисоби садои ҳазину ширадори Хосият буд, ки то моҳе пеш дар бозору роҳравҳои Кӯлоб шунида мешуд. Аммо ӯ мегӯяд, бо беҳтар шудани аҳволаш дубора ба бозор хоҳад баромад:

«Ризқу рузиро аз ҳамон бозор меёфтам. Суруд мехондам ва ҳар кас омада як сум ним сум мепартофт. Ин хел наметалбидам, зеро талбанда нестам. Бар ивази сурудхониам касе пул медод, хуб, надиҳад, ҳеҷ гап не.»

Ду зани ҳамроҳи Хосият, ки худ солҳои тӯлонӣ барҷомондаанд, аз бемор шудани ӯ ниҳоят ғамгинанд. Зебогули 64 сола, яке аз ин занҳои нобино, ки беш аз 30 сол дар ин хонаи нобиноён ба сар мебарад, мегӯяд, воқеан, зиндагии хуби онҳо аз фаъолияти Хосият вобаста буд.

Ӯ мегӯяд, ҳоло зиндагиашон хуб нест ва ӯ ба ягона орзуяш, ки ба шавҳар баромадан буд, то ҳол нарасидааст.
«Соли 79 ҷавонтар будам ва мехостам, ки шавҳар кунам, ки ягон пешкор пайдо нашуд. Ҳоло дигар дар ҳамин хона бо Хосият пир шудем. Аз рӯзе, ки Хосият бемор шудааст, зиндагиамон нохуб аст. Хоҳишамон ҳамин аст, ки ягон хайрхоҳ ба мо кӯмак кунад.»

Комилҷон Юсупов, раиси муассисаи вижа барои нобиноён
Комилҷон Юсупов, раиси муассисаи вижа барои нобиноён
Ин занҳои нобино аз зиндагии нохубашон пас аз бистари шудани Хосият шикоят мекунанд. Комилҷон Юсупов, раиси корхонаи вижа барои нобиноён мегӯяд, тамоми нобиноён зиндагии нохуб доранд ва наметавонанд, пайваста ба ин занҳо кӯмак расонанд, аммо ба онҳо аз ҳисоби ҳукумат кӯмакҳо мерасад:

«Аз ҷониби ҳукумат ба онҳо нафақа дода мешавад. Зӯри мо, ки ба нигоҳубини онҳо намерасад, аз ҷониби ҳукумат ба онҳо фаррош ҷудо шудааст, ки омада хонаашонро рӯбучин мекунад. Аз ҷониби шахсони хайрхоҳу ҳукумат, ки бо муроҷиати мо хайр кунанд, мо ҳатман ҳисаи бештарро ба онҳо медиҳем. Дар арафаи ҷашну чорабиниҳо низ ба онҳо кӯмак расонида мешаванд.»

Ин занони нобинову якаву танҳо ва ҳамакнун барҷомонда, дар хонае зиндагӣ мекунанд, ки замони шӯравӣ барои нобиноён сохта шуда буд.

Онҳо кӯмакҳои дер-дери масъулинро барои зиндагиашон нокифоя медонанд ва дуо мекунанд, то Хосият зудтар шифо ёфта, барои пайдо кардани ризқу рӯзӣ дубора ба бозор барояд.
XS
SM
MD
LG