Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соати гаронбаҳо, аммо баҳсбарангези Патриарх Кирилл


Соати гаронбаҳои усқуфи калисои православии Русия дарди сари дигаре барои Патриарх Кирилл шудааст.

Ин соати швейтсарии навъи Breguet, ки арзишаш 30 000 еврост, чанд сол боз пешвои масеҳиёни Русияро таъқиб мекунад. Се сол пеш ин соати баста дар дастони Кирилл боиси бурузи сарусадои зиёд шуда буд.

Ин бор калисои православии Русия ба маҳзи пок кардани ин соат аз як акси соли 2009 таҳти оташи интиқод қарор гирифт. Калисо бо изҳори таассуф гуфт, ин хатои “аблаҳона”-и масъули торномааш аст, ки акси соатро дар дасти Кирилл пок карда, пок кардани сояаш аз рӯи мизро фаромӯш кардааст.

Худи акс аз 3-юми июли соли 2009 буда, нусхаи таҳрирхӯрдааш чанд рӯз пеш дар торнамо (сайт)-и калисои православӣ нашр шуд ва баҳси зиёдеро дар матбуот ва Интернет барангехт. Раҳбарияти калисо иддао дорад, ки соати дасти Кирилл, ки бино ба хабарҳо, тилоист ва бандаш ҳам аз пӯсти тимсоҳ, тӯҳфаи як пайрави сарватманди калисост.

Худи Кирилл исрор меварзад, ки ҳеҷ гоҳ соат намебандад ва соатҳояшро дар қуттӣ нигоҳ медорад. Аммо ин тафсир мунтақидони ӯро қаноат надод, ки мегӯянд, усқуфи калисо бояд тибқи фармудаҳои динӣ нафси худро аз пойбандӣ ба моли дунё нигоҳ дорад. Чанде пеш дар телевизиони Русия зиндагии пуршукӯҳи Григорев - як роҳиб дар Қазонро нашр карданд, ки як ҳавлӣ, 3 манзил, мошинҳои “ҷип”-и BMW ва Mercedes дошта, бо либосҳои сохти беҳтарин дизайнерҳои итолиёӣ ва соати гаронбаҳои сохти швейтсарияаш фахр мекард.

Додгоҳи Маскав ҳам ахиран вазири собиқи беҳдошт Юрий Шевченкоро ба маҳзи инки тармими манзилаш дар маркази Маскав ҷевонҳои қиматбаҳои манзили пуршукӯҳи усқуф Кириллро пур аз чанг кардааст, ба маблағи ҳангуфти 20 миллион рубл ҷарима баст. Ин манзили гаронбаҳо ва ду мошини бошукӯҳи Cadillac, ки Кирилл дорад, низ шояд тӯҳфаи кадом муриди серпули ӯ бошад.
XS
SM
MD
LG