Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешбарии С.Шойгу ба мақоми вилояти вилояти Маскав


Сергей Шойгу
Сергей Шойгу
Раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев вазири ҳолоти изтирорӣ Сергей Шойгуро ба мақоми волии вилояти Маскав пешбарӣ кард. Ӯ дар ин мақом генерал Борис Громовро иваз хоҳад кард. Громов – фармондеҳи собиқи Артиши Шӯравӣ дар Афғонистон аз соли 2000 раҳбарии вилояти Маскавро бар ӯҳда дошт. Шойгу аз соли 1994 вазири ҳолоти изтирорист. Номзадии ӯ аз сӯи ҳизби ҳокими Русияи воҳид пешбарӣ шудааст ва бояд акнун аз ҷониби вакилони Маҷлиси вилоятӣ тасвиб шавад.
XS
SM
MD
LG