Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Тимошенко бо ҳайъати “Freedom House”


Як ҳайъати созмони “Freedom House” дар зиндони Качанивска дар вилояти Харкови Украина аз сарвазири собиқи ин кишвар Юлия Тимошенко аёдат кард. Намояндаи ин созмон Деймон Вилсон бо изҳори нигаронӣ гуфт, Тимошенко, ки аз дарди сутунмӯҳра азият мекашад, ҳатто шиштаву хеста наметавонад ва ба табобате ниёз дорад, ки табибони маҳбас ба ӯ дода наметавонанд. Тимошенко дар моҳи октябр бо ҷурми сӯъиистифода аз мақом ба 7 соли зиндон маҳкум шуд. Дар Ғарб таъқиби ӯро ҳомили ангезаҳои сиёсӣ медонанд.
XS
SM
MD
LG