Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Набарди ду “ғӯлпайкар” бо Тоҷикистон


Ӯзбакистону Русия то кунун гулӯи Тоҷикистонро нарм-нарм мефишурданд, то ҳарфи онҳоро гӯш кунад ва ба хостаҳои онҳо тан диҳад, аммо чун муддати ду-се соли гузашта ин муродашон ҳосил нашуд, пойро дар гулӯи Тоҷикистон монданд, то онро нафасгир кунанд ва ба зону дароваранд.

Сабри Тоҷикистон ҳам ба поён расид, ки рӯзи 3 апрел як баёнияи тундлаҳнеро дар бораи рафтори ҳукумати Ӯзбакистон нашр кард, ки дар он нармгуфтории тоҷикӣ ва назокати дипломатӣ дида намешавад. Дар ин баёния, ки аввал дар торнамои сафорати Тоҷикистон бо забонҳои русиву англисӣ нашр шуд ва сипас “ғайб” зад, ошкоро гуфта шудааст, ки Ӯзбакистон мехоҳад, “вазъи иҷтимоӣ ва сиёсии Тоҷикистонро ба ҳам бизанад”, ки маънии он барангехтани ҷангу муноқиша дар кишвар аст.

Дар баёнияи чаҳорсаҳифагӣ дипломатҳои тоҷик, “бадкорӣ"-ҳои” давлати Ӯзбакистонро баршумурдаанд, ки аввал аз роҳбандиҳо шурӯъ карда, сипас боҷу хироҷ аз қаторҳои Тоҷикистонро боло бурд ва ҳоло як шоҳрагеро (роҳи оҳани Тирмиз-Қӯрғонтеппа, самти вилояти Хатлон) бурид, ки таъминоти тақрибан ними аҳолии кишвар ё бештар аз 3 миллион нафар дар вилоятҳои Хатлону Бадахшон бо молу маводи аз тариқи он сурат мегирифт.

Дар ин баёния Ӯзбакистон ошкоро сабаби марги инсонҳо дар Тоҷикистон хонда шудааст, зеро “бар хилофи меъёрҳои байналмилалӣ ва бо баҳонаҳои гуногун намегузорад, то нерӯи барқи Туркманистон ба Тоҷикистон интиқол дода шавад ва аз ин рӯ ҳукумат маҷбур аст, ки дар зимистон нерӯи барқро мактабу бемористонҳо ва дигар муассисаҳои иҷтимоӣ қатъ кунад, ки ба марги инсонҳо низ расонидааст.”

Ба гуфтаи вазорат, бар хилофи қарордод, қатъ кардани интиқоли газ ба Тоҷикистон ва бе гази табиӣ мондани корхонаҳои азими ҳаётие ба мисли Талко, танҳо ба хотири он аст, ки Тоҷикистон аз манофеи милли худ даст кашад ва хостаҳоеро иҷро кунад, ки ба нафъи Ӯзбакистон бошад. Ба гуфтаи вазорат, “Ҳукумати Ӯзбакистон бо лаҳни таҳдидомез ва бе ҳеҷ асосе мехоҳад, обанбори Фарҳод дар шимоли Тоҷикистонро ба онҳо диҳанд, ки талоше барои аз худ кардан ва ё (аннексия) илҳоқи қаламрави Тоҷикистон соҳибистиқлол аст. Обанбори Фарҳодро “орзуи деринаи Ӯзбакистон” хондаанд, ки барои он аҳамияти ҳаётӣ дорад, зеро даштҳои азими ташналабашро обёрӣ мекунад.”

Дар мақолае, ки дар рӯзномаи расмии “Ҷумҳурият” бо қалами Шералӣ Валиев, як сокини “донои“ вилояти Хатлон чоп шудааст, омадааст, чанд ҳафта пеш дар нишасти мақомоти Тоҷикистону Ӯзбакистон дар бораи тақсим ва аломатгузории марз, “бародарони ӯзбак талаб карданд, ки обанбори Фарҳодро” ба онҳо диҳанд, чун посухи рад гирифтанд, “ба найрангу фишор ва таҳдиди навбатӣ пардохтанд” ва маҷрои газро бастанд ва барои интиқоли гази туркманӣ ҳам ризоият надоданд.

Дар баёнияи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ва ҳам дар мақолаи “Ҷумҳурият” мехонем, ки ҳукумати Ӯзбакистон мехоҳад, ки нерӯгоҳи Роғун сохта нашавад, нерӯгоҳе, ки онро масъалаи “ҳаёту мамоти Тоҷикистон” хондаанд. Ба гуфтаи вазорати умури хориҷӣ, ҳоло Ӯзбакистон бо истифода аз тамоми абзорҳо ва муҳосираи иқтисодӣ мехоҳад, мардумро дар Тоҷикистон ба зидди ҳукумат бишӯронад, вале ба гуфтаи сокини “донои” Хатлон, “ин як хаёли хом аст, зеро тоҷикони бохираду таҳаммулпазир ва дар сахтиҳо обутобёфта ва имтиҳондида дар зиндагӣ, ин ҳамаро сарбаландона пушти сар хоҳанд кард.” Ҳукумат дар баёнияи хеш гуфтааст, “агар вазъ чунин идома кунад, Тоҷикистон ба фалокати башарӣ рӯ ба рӯ хоҳад шуд.”

Аммо дар ин миён Русия, ки даст ба сина зада, худро зомини амният дар кишварҳои Осиёи Марказӣ меномад, хомӯш аст ва ба Ислом Каримов ҳам зоҳиран “аҳсан” мегӯяд, зеро дар “ром” кардани Тоҷикистон кӯмак мекунад. Чун Тоҷикистон соли гузашта, халабонҳои русро зиндон ва раҳбарони кишварро дар назди мардумаш ҳиҷолатзада кард, агарчӣ баъди раҳоии халабонҳо ба қаҳрамону ҳомии русҳо табдил шуданд. Соли гузашта боло бурдани қимати сӯзишвории русӣ барои Тоҷикистон ба як кори оддӣ табдил шуд, то Тоҷикистон нисбат ба Русия “беадабӣ” накунад ва ҳар амре ки шуд, “ба чашм” гӯяд. Аз ин рӯ Ислом Каримов раиси ҷумҳури Ӯзбакистон бешак бе “ОК”-и Владимир Путин, “Арбоби ангуштарҳо дар Русия” (Властелин Колец) чунин ҷасорат нахоҳад кард, ки кишвари мизбони бузургтарин пойгоҳи Русияро “ноором” кунад. Пойгоҳеро, ки ҳанӯз Тоҷикистону Русияро дар бораи шароити ҳузури он ба мувофиқа нарасидаанд, агарчӣ Дмитрий Медведев моҳи сентябр бо худнамоӣ дар Душанбе ваъда дода буд, ки созишнома дар бораи ҳузури нимасраи (49-солаи) пойгоҳи 201-уми Русия дар семоҳаи аввали ҳамин сол барои имзо омода шавад, вале нашудааст, чун Тоҷикистон борҳо гуфтааст, ки намехоҳад, дигар пойгоҳи Русия ”ройгон” биистад. (Ваъдаи Медведев дурӯғ баромад)

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон шояд масъалаи пойгоҳ ва ҳам рафтори Ӯзбакистонро рӯзи 31 март бо Владимир Путин баррасӣ кардааст. Дафтари матбуоти ҳукумати Русия мегӯяд, дар сӯҳбати телефонӣ “вазъи мушкили башарии бавуҷудомада бар асари зимистони тӯлонӣ дар Тоҷикистон баррасӣ шуд” ва Раҳмон аз Владимир Путин хост, “дар ин вазъи бад” ба кишвар дасти мадад дароз кунад. Гӯё Путину Медведев ба ваъдаашон вафо карданд ва рӯзи сешанбе аввалин кӯмаки худро фиристоданд, аз ҷумла 38 тонна молу мавод, ба шумули печкаву хайма ва 525 қуттӣ консерва ва 450 қуттӣ килкӣ, ки шояд тоҷикон гӯшти хук гуфта, аз он ҳазар хоҳанд кард. Аммо дархости кӯмак, зоҳиран дигар чиз буд, “яъне лутфан, ба дӯсти худ Ислом Каримов бигӯед, бас кунад.” Агарчӣ посухи Владимир Путинро намедонем, вале матбуоти тобеъу шефтаи Путин дар Русия ҷавоб дод, аз ҷумла бо забони Модест Колеров аз хабаргузории “Регнум”, ки гуфтааст, “Тоҷикистон мехоҳад, Русияро ба ҷанги худ бо Ӯзбакистон бикашад”. Дар ҳамин хабаргузорӣ ҳам як мақолае нашр карданд, ки Тоҷикистонро метарсонад, ки ба “Афғонистон” табдил мешавад, барои ҳамин бояд, бо “касе забон” ёбад.

Ислом Каримов, раиси ҷумҳури Ӯзбакистон ҳам барои он ки мутмаин шавад, мавқеи раҳбарони Русия чунин аст, рӯзи 2 апрел Владимир Тюрденев, сафири Русия дар Тошкандро меҳмон кард ва ҳарду “дар бораи “масоили ҷории ҳамкориҳои Ӯзбакистону Русия” сӯҳбат карданд. (Гӯиё, пештар вақт надоштанд) Баъди баёнияи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, ки бешак ба тамоми сафоратҳои хориҷӣ ирсол шудааст, ва зимнан сафорати Тоҷикистон дар Маскав нашр кард, Ислом Каримов ҷаласаи Шӯрои амнияти Ӯзбакистонро баргузор намуда ва “таҳдиду чолишҳо ба амнияти Ӯзбакистону минтақа ва шеваҳои рафъи ин таҳдидҳоро” баррасӣ кард. Агар гӯем, ки ин ҳама шояд тасодуфан дар як вақт иттифоқ афтоданд, фирефтани худ хоҳад буд. Дар ин нишаст сарварони Ӯзбакистон, ки онҳоро сокини донои Хатлон, “тангназару кӯтоҳандеш” номидааст, бешак, иқдомоти баъдӣ нисбат ба Тоҷикистонро баррасӣ карданд. Ва агар ин иқдомот ноором кардани Тоҷикистон бошад, умедворем, ба гуфтаи сокини Хатлон “хаёли хом” аст ва ё Худо нокарда ба ин муввафақ ҳам шаванд, тоҷикон масали хубе доранд, ки “Агар хонаи ҳамсоя оташ гирифт, ба боми ту хоҳад гузашт.”
XS
SM
MD
LG