Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коршинос: "Гази Шибирғон роҳи раҳоӣ аз бӯҳрон аст"


Як коршиноси тоҷик роҳи ҳалли мушкили газ барои корхонаҳо дар кӯтоҳмуддатро эҳёи лӯлаи газ аз Афғонистон медонад.

Зуҳур Зуҳуров, раиси собиқи Кумитаи сангҳои қиматбаҳо ва маодини Тоҷикистон дар замони шӯравӣ, дар сӯҳбат бо «Озодӣ» роҳи ҳалли мушкили газ барои корхонаҳои Тоҷикистон дар кӯтоҳмуддатро эҳёи лӯлаи газ аз Шибирғони Афғонистон ба ҷануби Тоҷикистон унвон кард.

Ба гуфтаи ин коршинос газе, ки корхонаҳои Тоҷикистон дар замони шӯравӣ истифода мебурд, гази Шибирғон буд, ки аз тариқи лӯлаҳо ба ҷануби Тоҷикистон интиқол меёфт.

Аммо дар замони шӯравӣ гази Шибирғони Афғонистон тавассути Туркманистон ба Узбакистон ва аз он ҷо ба Тоҷикистон интиқол мешуд. Оқои Зуҳуров мегӯяд, бо дигар кардани масири интиқол ва кашидани каме бештар аз 100 километр лӯлаи газ дар қаламрави Афғонистон, метавон онро ба марзи ҷанубии Тоҷикистон овард ва аз он ҷо ба корхонаҳои умдаи Тоҷикистон интиқол дод.

Аммо ин коршинос мегӯяд, ҳанӯз маълум нест, ки кони Шибирғон фаъол аст ё не. Вале ба қавли ӯ, дар сурати фаъол набудан, ҳамакунун лӯлаи газ аз Туркманистон то Шибирғон вуҷуд дорад ва чун Туркманистон ҳозир аст, ки ба Тоҷикистон газ интиқол диҳад, бо ҳамин роҳ мешавад мушкили гази Тоҷикистон дар кӯтоҳмуддатро ҳал кард.

Ин дар ҳолест, ки мақомоти Узбакистон сар аз 1-уми апрел интиқоли газ ба Тоҷикистонро қатъ кардаанд. Тошканд мегӯяд, ба далели иҷрои созишномаи худ бо Чин, имкони тамдиди харидории гази табиӣ бо Тоҷикистонро надорад.

Бар иловаи Узбакистон яке аз кишварҳои дигаре, ки дар гузашта Тоҷикистонро бо газ таъмин мекард, Туркманистон буд. Аммо ҳоло ба далели қатъ будани роҳи интиқоли транзити газ дар қаламрави Узбакистон ин имкон низ мавриди суол қарор гирифтааст.
XS
SM
MD
LG