Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумораи кушташудагони резиши тарма ба 3 нафар расид


Шумораи кушташудагон дар резиши тармакилометри 81 роҳи мошинрави Душанбе-Чанак ба 3 нафар расид. Ду нафар наҷот дода шудаанд. 2 апрел 4 мошини борбари навъи “Камаз” зери тарма монданд. Орифҷон Нозимов-сухангӯи Кумиати ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ба «Озодӣ» гуфт, дар километри 249 шоҳроҳи Душанбе-Ҷиргатол тарма сарозер шудааст ва даҳ метр роҳро бастааст. Ҳаракати нақлиёт дар ин масир низ қатъ шудааст. Талафоти ҷонӣ нест.
XS
SM
MD
LG