Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокирот бо Эрон шояд ба таъхир биуфтад


Амрико мегӯяд, аз Теҳрон ҳанӯз дар мавриди замону макони музокироти барномаи баҳсбарангези ҳастаии Эрон таъйиди мушаххасе нагирифтааст. Сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико Виктория Нуланд гуфт: “Ҷолиб ин аст, ки мо аз ҷониби Эрон аломатҳои мухталиф мегирем, вале ҷузъиёт тамоман баста аст.” Вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон рӯзи шанбе гуфта буд, музокироти Эрон бо гурӯҳи 5+1, ки 5 узви доимии Шӯрои Амният ва Олмонро дар бар мегирад, рӯзҳои 13-14 апрел дар Истамбул доир хоҳад шуд. Русия дирӯз гуфт, ҷузъиёти нишаст ҳанӯз ниҳоӣ нашудаст ва он шояд дертар аз 14 апрел доир шавад.
XS
SM
MD
LG