Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозгашти паҳлавонони тоҷик аз Остона бо як роҳхати олимпӣ


Дастаи мунтахаби гуштии Тоҷикистон дар мусобиқаи интихобии осиёӣ соҳиби як роҳхат ба Бозиҳои ХХХ тобистонаи олимпӣ гардид.

Дар ин мусобиқа, ки оид ба гуштии озод, гуштии юнониву румӣ ва гуштии занона дар пойтахти Қазоқистон – шаҳри Остона аз 30-юми март то 1-уми апрел баргузор шуд, намояндагони 22 кишвари қораи Осиё барои дарёфти роҳхатҳо ба Олимпиадаи Лондон – 2012 мубориза бурданд.
Ба иттилои Федеросиюни гуштии Тоҷикистон ба ҳайати дастаи мунтахаби кишвар даҳ варзишгар – ҳафт нафар оид ба гуштии озод ва се нафар оид ба гуштии юнониву румӣ ё фарангӣ дохил буданд.

Дар сабқати гуштии озод Тоҷикистонро Николай Ноев (55 кг), Фарҳоди Усмонзода (60 кг), Зелимхон Юсуфов (66 кг, Азамат Сӯфиев (74 кг), Юсуф Абдусаломов (84 кг), Искандари Рустам (96 кг) ва Эраҷ Холов (120 кг) намояндагӣ карданд.

Танҳо ба Искандари Рустам муяссар шуд, ки соҳиби роҳхат ба Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Лондон гардад. Ӯ дар рақобатҳо дар вазни то 96 килограмм дар даври чаҳорякниҳоӣ бар рақибаш Чин Суи Хияоченг аз Чин ғолиб омад ва дар даври ниманиҳоӣ Ҷорханд Худербулгаи муғулро шикаст дод. Вале Рустам дар қувваозомии ниҳоӣ аз Қурбон Қурбонови узбакистонӣ мағлуб гашт.

Ба ҳамин тартиб, бар асоси низомномаи ин мусобиқа Искандари Рустам барои ҷои дувум ба ҳаққи ширкат дар Олимпиадаи Лондон-2012 мушарраф шуд.

Бояд тазаккур дод, Искандар панҷумин варзишгари тоҷик аст, ки соҳиби роҳхат ба бозиҳои 30-юми толбистони олимпӣ дар Лондон гардидааст. Аз ин пеш, гурзандоз Дилшод Назаров, муштзан Анвар Юнусов, таэквандочиён Алишер Гулов ва Фарҳод Неъматов роҳхатҳои олимпиро ба даст овардаанд.

Вале паҳлавони маъруф Юсуф Абдусаломов, барандаи медали нуқраи Олимпиадаи Пекин-2008, дар мусобиқаи интихобии осиёӣ дар Остона баъди ду пирӯзӣ бар рақибонаш аз Ҳиндустону Ироқ дар даври ниманиҳоӣ аз гуштигири эронӣ Лашкари Эҳсон шикаст хӯрд ва аз идомаи мубориза барои роҳхати олимпӣ маҳрум гашт.
Намояндагони дигари Тоҷикистон дар сабқати гуштии озод дар даврҳои муқаддамотӣ ноком шуданд.

Дар сабқати гуштии юнониву румӣ паҳлавонони тоҷик Манучеҳр Аллаев (84 кг), Ҳабибулло Абдуллоев (96 кг) ва Муродҷон Тӯйчиев (120 кг) аз роҳхатҳои олимпӣ бенасиб монданд.

То Олимпиадаи Лондон боз ду мусобиқаи литсензионӣ ё роҳхатгирӣ баргузор мешавад. Рӯзҳои 25-29-уми апрел дар шаҳри Тайюани Чин аввалин сабқати ҷаҳонии интихобии олимпӣ доир хоҳад шуд. Сабқати дувуми ҷаҳонии интихобии олимпӣ рӯзҳои 2-6-уми май дар пойтахти Финляндия - шаҳри Хелсинки барпо мегардад.
Мусобиқаи литсензионӣ ё роҳхатгирӣ ба Олимпиадаи Лондон-2012 дар Остона дар ҳисоби умумидастаӣ аз рӯи имтиёзҳои ба даст овардаи дастаҳо бо чунин натиҷаҳо ба анҷом расид:

Ҳисоби умумидастаӣ оид ба гуштии озод
1. Узбакистон -52
2. Муғулистон -42
2. Чин -42
4. Ҳиндустон-40
5. Қирғизистон -36
5. Корея -36
7. Ҷопон -33
7. Тоҷикистон -33
9. Эрон -28
10. Қазоқистон -26
11. Ироқ -7
12. Яман -6
13. Қатар -4
14. Сурия -3
14. Туркманистон -3
16. Аморат -2
16. Вйетнам -2
18. Камбоҷа -0
18. Урдун -0
18. Филиппин -0
18. Тайланд -0
18. Тайван -0

Ҳисоби умумидастаӣ оид ба гуштии юнониву румӣ

1. Ҷопон -51
1. Узбакистон -51
3. Чин -48
4. Қирғизистон -47
5. Қазоқистон -36
6. Корея -32
7. Эрон -28
8. Ҳиндустон -25
9. Туркманистон -17
10. Ироқ -14
11. Урдун -12
12. Тайланд -8
13. Тоҷикистон -7
14. Филиппин -5
15. Қатар -2
16. Камбоҷа -0
16. Муғулистон -0
16. Сурия -0
16. Тайван -0
16. Аморат -0
16. Вйетнам -0
16. Яман -0

Ҳисоби умумидастаӣ оид ба гуштии занона

1. Корея -33
2. Ҳиндустон -28
3. Вйетнам - 25
4. Қирғизистон - 24
5. Узбакистон -22
6. Муғулистон -18
7. Чин -16
7. Қазоқистон -16
9. Ҷопон -9
10. Тайланд -8
11. Камбоҷа -6
12. Тайван -4
13. Эрон -0
13. Ироқ -0
13. Урдун -0
13. Филиппин -0
13. Қатар -0
13. Сурия -0
13. Тоҷикистон - 0
13. Туркманистон -0
13. Аморат -0
13. Яман -0
XS
SM
MD
LG