Ӯ дар рақобатҳо дар вазни то 96 килограм дар даври чаҳорякниҳоӣ бар рақибаш Суи Хияоченг аз Чин ғолиб омад ва дар даври ниманиҳоӣ Ҷорханд Худербулгаи муғулро шикаст дод.
Искандари Рустам дар қувваозомии ниҳоӣ бо Қурбон Қурбонови узбакистонӣ рақобат кард ва шикаст хӯрд.
Ба ҳамин тартиб, бар асоси низомномаи ин мусобиқа Искандари Рустам барои ҷои дувум ҳаққи ширкат дар Олимпиадаи Лондон-2012-ро ба даст овард.
Бояд гуфт, ӯ панҷумин варзишгари тоҷик аст, ки соҳиби роҳхат ба бозиҳои 30-юми толбистони олимпӣ дар Лондон гардидааст. Аз ин пеш, гурзандоз Дилшод Назаров, муштзан Анвар Юнусов, таэквандочиён Алишер Гулов ва Фарҳод Неъматов роҳхатҳои олимпиро ба даст овардаанд.
Се варзишгари Тоҷикистон дар Олимпиадаи Лондон-2012 бо имтиёз ё аз рӯи квота ширкат хоҳанд кард. Паҳлавонони дигари тоҷик, ки дар миёни онҳо Юсуф Абдусаломов низ ҳаст, дар шаҳри Остона дар мусобиқаи интихобии олимпӣ оид ба гуштии озод ва гуштии юнониву румӣ барои роҳхатҳои олимпӣ талош мекунанд.