Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тафтиши фаъолияти ҲНИТ аз сӯи Додситонии кулл


Додситонии кулли Тоҷикистон ба тафтиши фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон оғоз кардааст.

Ҳикматулло Сайфуллозода, як мақоми аршади ҲНИТ ба радиои «Озодӣ» гуфт, мақомоти тафтишот дар ҳама шӯъбаҳои ҲНИТ дар саросари кишвар, аз ҷумла дар вилоятҳо, навоҳӣ, шаҳрӣ ва дафтари марказии ҳизб даст ба фаъолият задаанд.

Ба гуфтаи ҳамин манбаъ, муфаттишони додситонӣ умдатан аз масъулини ҳизб дар бораи санади махфии мунташира бо номи Протоколи 32-20 дар сомонаи русии «Звезда.ру» суол кардаанд. Сайти "Звезда.ру" зери унвони "Тоҷикистон дар остонаи инқилоб" мақолаеро якҷо бо ин аснод ба нашр расонида буд. Вакилони ҲНИТ дар парлумони Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ ва Сайидумар Ҳусайнӣ аз Додситонии кулии кишвар расман дархост карда буданд, ки дурустии ин аснодро бисанҷад.

Ҳикматулло Сайфуллозода ҳамчунин гуфт, ки аз тарафи Кумитаи андози Тоҷикистон низ фаъолияти молии ҲНИТ мавриди тафтиш қарор гирифтааст. Ба гуфтаи ҳамин манбаъ, масъулини ин идора бархе аз «камбудиҳо», аз ҷумла дар бораи пардохт нашудани молиёт аз маоши кормандони нашрияи «Наҷот»-ро ошкор кардаанд. Аммо мегӯяд ин манбаъ, ин як масъалаи баҳсӣ аст, ки наметавон онро ҳамчун камбудӣ ҳисоб кард.

Дар ҳамин ҳол Кумитаи умури дини Тоҷикистон бо ирсоли як огоҳинома ба ҲНИТ, намозгузории аъзои он дар қароргоҳи онро дубора манъ кардааст.
XS
SM
MD
LG