Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти Иттиҳодияи Араб дар Ироқ поён ёфт


Нишасти сарони кишварҳои узви Иттиҳодияи Араб дар шаҳри Бағдод бо даъвати ҳукумати Сурия ба муколама бо мухолифонаш ба поён расид. Агарчӣ раҳбарони кишварҳои узв хостори истеъфои Башшор Асад, раиси ҷумҳури Сурия нашуданд, аммо аз ӯ хостанд, барномаи сулҳи Кофӣ Анон фиристодаи Созмони Милал барои Сурияро “фавран ва бомувафақият” амалӣ кунад. Дар ин барнома аз ҳукумати Сурия хоста шудааст, танку тӯпҳоро аз шаҳрҳо берун кашида, роҳҳои кӯмакҳои башариро боз кунад, зиндониёни сиёсиро раҳо карда ва хабарнигоронро ба кишвар роҳ диҳад. Бан Ки Мун, дабири кулли Созмони Милал аз Башшор Асад хост, ин барномаро иҷро кунад:"Бисёр муҳим аст, ки раиси ҷумҳур Асад, фавран аҳдҳояшро иҷро кунад. Ҷаҳон мунтазири иҷрои аҳдҳои ӯ аст. Муҳимтар аз ҳама иҷрои барномаи сулҳ аст, вақт набояд зоеъ шавад." Башшор Асад гуфтааст, иҷрои барномаро замонат медиҳад, вале дар сурати идомаи ҳимояти мухолифин аз тарафи хориҷиён ин барнома натиҷа нахоҳад дод. Амрико баёнияи Башшор Асадро ноумедкунанда хонд. Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари муаззами Эрон ба Раҷаб Тайиб Эрдӯғон, нахуствазири Туркия дар Теҳрон гуфт, Эрон аз ҳукумати Сурия барои муқовиматаш бо "саҳюнистҳо" ҳимоят хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG