Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пажӯҳиши тоза дар бораи ғизои кӯдакони тоҷик


Лайло Муширӣ, раиси намояндагии UNIСEF дар Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, созмони онҳо таҳқиқотеро дар мавриди нокифоягии ғизои кӯдакон дар Тоҷикистон анҷом додааст. Ба қавли хонум Муширӣ, хулосаи ин таҳқиқот бар пояи пурсишҳо ва тансанҷии 4 ҳазору 400 хурдсол ва заноне, ки навзод доранд, омода шудааст. Дар ин таҳқиқот ба масъалаи саломатии кӯдакон, аз ҷумла миқдори ғизое, ки дар як шабонарӯз истеъмол мекунанд, вазни кӯдакон ва камхунии хурдсолон таваҷҷӯҳ шудааст. Лайло Муширӣ афзуд, ин таҳқиқотро рӯзи душанбеи 2-юми апрел дар ҳузури намоянадгони ниҳодҳои иқтисодии Тоҷикистон ва созмонҳои иҷтимоӣ муаррифӣ хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG