Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президент гуфт, барои рафъи офатҳо омода бошед


Раисиҷумҳури Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз хатари барфкӯчу обхезиҳо дар баҳори имсола дастур дод.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 28-уми март дар машварати корӣ бо аъзои ҳукумат, ба мақомдорони кишвар дастур додааст, ки барои ҷилавгирӣ аз хатари фурӯрезии тармаву ярч, обхезӣ ва боронҳои шадиди баҳорӣ омода бошанд. Ӯ гуфтааст, "дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар ситоди омодагӣ ва огоҳсозии мардум аз хавфи офатҳои табиӣ" низ таъсис дода шавад.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, боришоти зиёди барфи имсола ба эҳтимоли зиёд бо гарм шудани ҳаво таҳдидҳоеро ба мисли барфкӯчҳо ва селу обхезӣ ба бор хоҳад овард. Бинобар иттиллои ин манбаъ, дастури мазкур дар ҷаласаи машваратии ҳукумати кишвар эълон шудааст.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, дар ҷаласаи машваратӣ таъкид шудааст, ки "барои огоҳсозии мардум аз хатари офатҳои табиӣ ва амалисозии чораҳои саривақтӣ аз воситаҳои ахбори омма ҳам истифода шавад."

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин гуфтааст, дар рӯзҳои наздик реҷа ё лимит (маҳдудият)-и интиқоли нерӯи барқ коҳиш дода мешавад ва корхонаҳои саноатиро зарур аст, ки корро ба таври шабонарӯзӣ ба роҳ монанд.

Бидуни шарҳ: Барфрезии шадид дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:07 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG