Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

“Қишлоқи тилоӣ” дар телевизионҳои Тоҷикистон


Дар назарсанҷии Gallup , 56 фоиз дар Тоҷикистон матбуоти тоҷикро озод ва 26 дарсад ноозод баҳо додаанд.

Таҳқиқоти дар 133 кишвар анҷомдодаи Gallup, аз маъруфтарин ширкатҳои назарсанҷии ҷаҳон, ҳокист, ки 65 дарсад, ё тақрибан аз се ду ҳиссаи мардуми дунё матбуоти кишварҳои худро озод мешуморад.

Бештар аз ҳама – 97 дарсад - дар Финландия матбуоти кишвари худро озод номида, мақомҳои баъдиро дар раддабандии Gallup Ҳолланду Австралия ва кишвари африқоии Ғана гирифтаанд. Камтар аз ҳама – ҳамагӣ 23 дарсад – дар Беларус нисбат ба озодии матбуоти маҳаллӣ хушбин будаанд. Тоҷикистон дар ин раддабандӣ дар мақоми 95-ум аст ва аз 1000 нафари 5 раҳ пурсидашуда дар соли 2011, 56 дарсад матбуоти тоҷикро озод ва 26 дарсад ноозод баҳо дода, 18 дарсад дар изҳори назар мушкил кашидаанд.

Озодии нисбӣ, вале ҳамчунон осебпазир

Қироншоҳи Шарифзода, устоди риштаи журналистикаи Донишгоҳи миллӣ ва муҳаққиқи матбуот мегӯяд, матбуоти тоҷик дар қиёс бо кишварҳои ҳамсоя дар интихоб ва пайгирии масоил озодтар шудааст, вале озодии баён дар
Қироншоҳ Шарифзода
Қироншоҳ Шарифзода
Тоҷикистон осебпазир боқӣ мемонад. Оқои Шарифзода ду омили аслии таъсиргузор ба озодии матбуотро ном бурд, ки яке иҷро нашудани қонунҳост ва хабарнигорони тоҷикро дар роҳи ба даст овардани иттилоъ дучори мавонеи фаровон гардонда, ҳамин тавр, дар пайи нашри матолиби интиқодӣ метавонад тӯъмаи осони таъқиби мақомот кунад.

Омили дуввум, ба ақидаи оқои Шарифзода, пойгоҳи хеле заифи молии нашрияҳост, ки истиқлоли онҳоро то ҳадде маҳдуд мекунад: “Омили дигаре ки мо наметавонем гӯем ки матбуоти мо озод аст, омили иқтисодист. Мутаассифона, пойгоҳи молии матбуоти тоҷик назар ба кишварҳои ҳамсоя бамаротиб заифтар аст. Имрӯз таъминоти моливу фаннии нашрияҳои мо ба дараҷае нест, ки онҳо сиёсати иттилооти худро мустақилона пеш бурда тавонанд. Хоҳ-нохоҳ, аз ин ё он ниҳоди сиёсӣ, ё ҷамъиятӣ, ё байналмилалӣ, ё аз ширкатҳо дастнигаранд ва маҷбуранд, озодиҳои касбии худро қурбони ниёзҳои иқтисодӣ кунанд.”

Дар Тоҷикистон беш аз 446 нашрияву маҷалла, аз ҷумла 270 нашрияи мустақил, 10 хабаргузорӣ ва 44 радиову телевизион, ки 28-тоаш ғайридавлатист, сабти ном шудааст. Аксарияти нашрияҳо то ҳол ба сурати ҳафтаӣ чоп мешаванд. “Имрӯз Нюс” танҳо рӯзнома дар таърихи навини Тоҷикистон аст, ки ду сол пеш ба майдон омад, вале ҳаҷмаш ахиран ду маротиба коҳиш ёфта, ҳамагӣ 8 саҳифа шудааст.

Таблиғи чароғҳои каммасраф ба мардуме ки барқ надорад

Аксарият бардошти мусбати беш аз нисфи аҳолӣ аз матбуотро маҳсули кори расонаҳои мустақил медонанд, ки ба фарқ аз матбуоти расмӣ ҷасорати бештар нишон медиҳанд. Аммо расонаҳои расмӣ, аз ҷумла 4 шабакаи давлатии телевизионӣ ба ҷои баҳси, барои мисол, мушкили бебарқии мардум, ҳамчунон чароғҳои каммасрафро тарғиб мекунанд, ки тамасхуре ба азоби бебарқии ин мардум менамояд.

Абӯносир Боқиев, як сокини Душанбе мегӯяд, телевизионҳои давлатӣ ба ҷои пайгирии мушкилоти доғи ҷомиа, моломоли мадҳу ситоиш ва пур аз рақсу таронаву барномаҳои тафреҳие, чун “Таронаи чакан”-у “Чакомаи гесӯ” шудаанд. Ӯ меафзояд, шабакаҳои расмӣ Тоҷикистонро мулке чунон биҳиштосо тасвир мекунанд, ки кас мехоҳад дар чунин мулки серупур ба сар барад, вале воқеъият баръакси ончист, ки аз телевизион мебинем:

“Ҳаёти мардум ба ончӣ ки дар матбуоти ҳукуматӣ инъикос мешавад, мувофиқат намекунад. Ончӣ ки онҳо ба халқу ба бинанда намоиш медиҳанд, як чиз асту воқеъият – тамоман як чизи дигар. Воқеан, мо дар телевизион таърифи яксарзамини монанд ба “Қишлоқи тилоӣ”-и Мирсаиди Миршакарро мебинем, вале дар амал “қишлоқ”-и мо чандон “қишлоқи тилоӣ”-е нест, ки бароямон тасвир мекунанд.”

Гузориш аз кӯчаҳои пурбарфу норӯфта

Аммо Самариддини Айниддин, сардабири барномаҳои ахбори шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон мегӯяд, расонаҳои давлатӣ низ ба мушкилоти ҷомиа даст мезананд, ки як намунааш силсилаи гузоришҳо дар бораи кӯчаву ҷодаҳои пурбарфу норӯфта дар пайи барфрезии ахир дар Душанбеву музофоти кишвар буд.

Ӯ афзуд: “Телевизиони мо давлатӣ аст. Газетаву радиову телевизионҳои шахсӣ ҳарчӣ хоҳанд мегӯянд, мо сиёсати давлатро инъикос мекунем ва бояд тибқи сиёсати ҳукумат кор кунем. Ва вақтҳои охир дар барномаҳои мо низ буд масъалагузориҳо. Ягон мушкилӣ нест дар инъикоси мушкилот. Бинандаҳои шабака шоҳиданд, ки мушкилоти роҳҳову масоили дигарро мо инъикос мекунем. Аз тарафи раҳбарон вокуниш ҳам мешавад, ки ин мушкилот ислоҳ шаванд.”

Ҳасани Асадуллоҳзодаро ҳам танқид мекунанд

Қироншоҳи Шарифзода мегӯяд, хаттҳои сурхе ки матбуоти мустақил қаблан ҷуръати убурашро надошт, торафт камтар мешавад. Ӯ аз ҷумла аз охирин нашри ҳафтаномаҳои “Наҷот” ва “Фараж” мисол овард, ки яке ба интиқод аз раиси “Ориёнбонк” Ҳасани Асадуллоҳзода пардохта ва дувумӣ лаб ба талаби истеъфои вазири энерживу саноат Шералӣ Гул кушодааст.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи мусоҳиби мо, интиқод аз додарарӯсу қудо ва пайвандони дигари раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон то ба ин авохир аз мавзӯъҳои табу барои матбуот ба шумор мерафт: “Дар шумораи имрӯзаи “Фараж”
Бинои маҷмаи "Шарқи озод", ҷое ки аксари рӯзномаҳои чопи Душанбе дар он ҷой гирифтаанд.
Бинои маҷмаи "Шарқи озод", ҷое ки аксари рӯзномаҳои чопи Душанбе дар он ҷой гирифтаанд.
яке аз вазирони калидӣ Шералӣ Гулро рӯирост навиштаанд, ки модоме маълумоти олиаш кишоварзист, бигузор вазири об шавад, на вазири энерживу саноат, ки ними мардум аз бебарқӣ рӯзи сиёҳ дорад. Ин (оқибаташ ба хайр шавад, албатта) нишонаи он аст ки журналистони мо, бахусус матбуоти мустақил, ба мавзӯъҳои табу ё масоиле, ки то имрӯз ноҷоиз тасаввур мешуд, низ даст мезананд ва аз озодиҳои конститутсионии худ истифода бурдан мехоҳанд.”

Самариддини Айниддин, сардабири барномаҳои ахбори телевизиони тоҷик мегӯяд, дар телевизиони давлатӣ омилҳое, чун фишор аз боло ё сонсур нест, ки пайгириии кадом масъалаи доғеро ба онҳо манъ кунад ва доманаи масоили матруҳа дар барномаҳои онҳо дар оянда боз ҳам фарохтар хоҳад шуд. Вале Абуносир, як бинандаи оддии барномаҳои телевизион дар Душанбе гуфт, эй кош шавад рӯзе, ки симои тоҷик гузорише аз бебарқии мардум намоиш диҳад. Ё аз азоби сахти як миллион муҳоҷири тоҷик дар ғурбат.
XS
SM
MD
LG