Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирофи Обама аз вуҷуди мушкил бо Покистон


Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, бо Юсуф Ризо Гелонӣ, нахуствазири Покистон, мулоқот кард, ки аввалин мулоқот дар сатҳи баланди ду кишвар пас аз қатли Усома бин Лодан дар Покистон аст. Мулоқот рӯзи сешанбе дар ҳошияи нишасти байналмилалии амнияти ҳастаӣ дар шаҳри Сеул баргузор шуд. Баъди амалиёти қатли Усома аз тарафи нерӯҳои амрикоӣ дар шаҳри Абботобод, муносиботи Покистону Амрико бад шуд ва ҳалокати 24 сарбози покистонӣ дар ҳамлаи нерӯҳои НАТО дар марзи Афғонистон дар моҳи ноябри соли гузашта ин муносиботро тиратар кард. Барак Обама ба хабарнигорон гуфт, умедвор аст, порлумони Покистон бо арзёбии ҳамкориҳои кишвар бо Амрико, манофеъи амниятии Иёлоти Муттаҳидаро ба инобат хоҳад гирифт ва иҷоза хоҳад дод, амалиётҳо алайҳи тундравон дар марзи Покистон бо Афғонистон идома кунад:"“Тайи чанд моҳи гузашта, вақтҳое буд, ки равобити мо осеб дид, аммо ман аз он истиқбол мекунам, ки Покистон баъди пажӯҳиши фарогир ҳоло моҳияти ин равобитро арзёбӣ мекунад.“ Барак Обама афзуд, бояд ду тараф муколама созандаву шаффоф барои рафъи мушкилот дар равобити ҳамдигарро идома диҳанд ва роҳи ҳалле пайдо намоянд, ки ба истиқлолияти Покистон эҳтиром гузорад ва ҳамзамон иҷоза диҳад, ки Амрико муборизааш бо террористонеро идома диҳад, ки дар гузашта ба кишвараш ҳамла карданд. Юсуф Ризо Гелонӣ, нахуствазири Покистон гуфт, хушнуд аст, ки Барак Обама доир ба аҳамияти истиқлоли кишвараш низ сӯҳбат мекунад.
XS
SM
MD
LG