Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавлидоти кони тилои Қумтор 40 фоиз кам мешавад


Кони тилои Қумтор
Кони тилои Қумтор
Ширкати канадоии “Centerra” гуфт, истихроҷи тило аз кони Қумтори Қирғизистон шояд то 40 фоиз камтар шавад. “Centerra” гуфт, корпартоии 10-рӯза дар моҳи феврал боиси таҷаммӯъи зиёди яху партовҳо шуд, ки монеъи дастрасӣ ба маъдани кон мешавад. Ширкат умедвор буд, ки имсол 20 тонна тило ба даст биорад, вале акнун пешбиниашро то 11 тонна поён овардааст. Тавлидоти кони Қумтор тақрибан 12 дарсади иқтисоди Қирғизистони фақрзадаро ташкил медиҳад.
XS
SM
MD
LG