Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи баҳси мушкилоти Афғонистон дар Душанбе


Дар Душанбе имрӯз нишасти байналмилалӣ дар бораи бозсозӣ ва амният дар Афғонистон идома мекунад. Дирӯз Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон зимни ифтитоҳи нишаст гуфт, қарорҳои ҳамоишҳои пешин барои бозсозии Афғонистон иҷро нашудаанд. Ӯ афзуд, кам кардани мушкилоти зиндагии мардум дар Афғонистон метавонад, сулҳи пойдорро дар ин кишвар замина гузорад. Эмомалӣ Раҳмон ба ба манфиатдор будани Тоҷикистон барои як Афғонистони босубот ва устувор ишора намуд ва гуфт, Тоҷикистон ба ваъдаҳои худ дар ин замина вафо хоҳад кард. Ӯ аз тарҳи КАСА-1000 ба унвони барномае, ки ба нафъи ду кишвар ва инчунин ба суди ҳамгироии бештари минтақаӣ анҷом мешавад, ёдовар шуд. Бар асоси ин тарҳ қарор аст, нерӯи барқи изофии Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон интиқол дода шавад.
XS
SM
MD
LG