Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси ҷумҳури нави Молдова савганд ёд кард


Николае Тимофтӣ
Рӯзи ҷумъа Николае Тимофтӣ дар иҷлоси вижаи порламони Молдова ба унвони раиси ҷумҳури нав савганди вафодорӣ ёд кард. Тимофтӣ 63 сол дорад ва 16 март дар порламони кишвараш раиси ҷумҳур интихоб шуд. Ин порламон дорои 101 курсӣ аст ва ба ҷонибдорӣ аз вай 62 нафар рай доданд. Ҳизби кумунист ин интихоботро байкот кард ва дар райдиҳӣ ширкат наҷуст. Ду раиси ҷумҳури пешин аз Ҳизби куммунист буданд. Онҳо низ дар маросими ёд кардани савганди раиси ҷумҳури нав ширкат накарданд. То интихоби Тимофтӣ 900 рӯз, яъне аз моҳи сентябри соли 2009 Молдова раиси ҷумҳур надошт.

Видеоҳои охирин

Бозхонии таронаҳои дар гузашта маъруфи овозхонҳои тоҷик
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:09 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG