Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусобиқаи гуштингирӣ ба ифтихори Наврӯз


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Ин лаҳзаҳо дар варзишгоҳи марказии Душанбе, пойтахти Тоҷикистон мусобиқаи паҳлавонии гуштингирӣ ҷараён дорад.

Ин мусобиқа дар чорчӯби таҷлили расмии ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ сурат мегирад, ки паҳлавононро аз гӯшаву канори кишвар гирди ҳам овардааст.

Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон низ ин мусобиқаро ба таври мустақим ба намоиш гузоштааст.

Ин дар ҳолест, ки аз чанд рӯз боз баргузории ин мусобиқаи наврӯзӣ тариқи шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон ташвиқ мегардид.

Дастандаркорони ин бозии миллии наврӯзӣ гуфтанд, ки беҳтарин паҳлавонон, онҳое, ки бо рақибонашон ғолиб меоянд, бо мукофотҳои пуразиш, назири худравҳои тамғаи хориҷӣ сазовор дониста мешаванд.

Баргузории мусобиқаи гуштини миллӣ дар варзишгоҳи пойтахти Тоҷикистон дар ҳолест, ки чунин мусобиқаи бошукӯҳ рӯзи гузашта дар шаҳри Турсунзода сурат гирифт ва паҳлавонон аз кишвари ҳамсояи Узбакистон низ дар он ширкат доштанд.

Ба манзури дар фазои амну оромӣ баргузор шудани ин мусобиқаи паҳлавонӣ, нерӯҳои пулис дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе басиҷ шудаанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки пулиси роҳ ҳаракати нақлиёт дар кӯчаву хиёбонҳои наздик ба варзишгоҳи марказии пойтахтро маҳдуд кардаанд.

Ба иттилои Наргис Тӯйчиева, сухангӯи Бозрасии Давлатии Автомобилӣ, ин маҳдудият то поёни баргузории мусобиқаи гуштин дар Варзишгоҳи марказӣ идома хоҳад дод ва ба ронандагон пешниҳод шуда буд, то аз дигар самтҳои ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар кучаҳои шаҳр истифода кунанд.

Ҳамзамон ба истилоҳ чунин «роҳбандиҳо» дар рӯзҳои баъдӣ, 24, 25 март низ идома пайдо мекунад. Чун Душанбе мизбони баргузории «Наврӯзи байналмилалӣ - 2012» аст ва ширкати меҳмонони баландпояи хориҷӣ дар ин маросим дар назар мебошад.
XS
SM
MD
LG