Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътибори шиносномаи ҷаълӣ то ...55 июл?


Як шаҳрванди 55-солаи Украинаи муқими Ҷумҳурии Чех, ки хостори паноҳандагии сиёсӣ дар ин кишвар шудааст, тасмим гирифт барои истироҳат ба Фаронса равад ва барои ин шиносномаи тақаллубии Литваро харид.

Ба иттилои Радиои Бавария, ӯ барои шиносномаи ҷаълӣ 1500 евро пардохт кард, вале ба иштибоҳ дар он таваҷҷуҳ накард. Аз ӯ пештар иштибоҳро кормандони полиси Олмон диданд – дар шиноснома рӯзи эътибори он ...55 июли соли 2016 сабт шуда буд.

Ҳамчунин ошкор шуд, ки шаҳрванди Украина бо худ асноди тақаллубии ронандагӣ ҳам дорад. Айни ҳол ӯ боздошт шуда, мунтазири истирдод ба Ҷумҳурии Чех аст.
XS
SM
MD
LG