Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гумонбари аслӣ дар куштори Тулуза дастгир шуд


Бино ба хабарҳои ҳанӯз расман тасдиқношуда, гумонбари аслӣ дар қатли се сарбози фаронсавӣ ва куштори се толибилму як хохом дар мактаби яҳудӣ дар шаҳри Тулузаи Фаронса боздошт шудааст. Гуфта мешавад, ин гумонбар баъди 12 соати муҳосираи нирӯҳои пулис дар манзилаш дар Тулуза дастгир шуд. Вазири умури дохилаи Фаронса Клод Геон гуфт, дар даргирӣ бо ин гумонбари исломгаро субҳи имрӯз се пулис захмӣ шуд: “Ӯ иддао дорад, ки муҷоҳид аст ва ба Ал-Қоида рабт дорад. Ӯ мехоҳад интиқоми тифлони фаластиниро биҷӯяд ва ҳам аз артиши Фаронса барои таҷовузҳои хориҷиаш қасос бигирад.” Ин нафар ҳафтаи гузашта 3 сарбозро ва 2 рӯз пеш дар мактаби яҳудии Тулуза 4 нафар, аз ҷумла 3 кӯдакро кушт.
XS
SM
MD
LG