Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Азия Плюс: "Наврӯз барои ҳукуматдорон гарон афтод"


Аксари нашрияҳои чопи Душанбе бо фарорасии Наврӯз бархе аз мушкилоти мардумро дар меҳвари матолиби хеш қарор додаанд.

«Фараж» дар матлаби «Наврӯз» навиштааст, ки «соли нави аҷдодӣ дар муқоиса ба соли нави милодӣ, ки дар айёми сардиву пажмурдагиҳо дар мекӯбад, замоне фаро мерасад, ки ҳама сабз аст: орзуву ормонҳо, нияту омолҳо. Кам иттифоқ меафтад, ки дар ин айём ҳатто арзу ниёз ҳам ба гӯши касе расад». Аммо бо ин вуҷуд нашрия таманно кардааст, ки «кош дунё ва наврӯзи имсол, ки бо сардиву бебарқиву хатари тармаву сел қадам гузошт, ҳамеша майдони ханда ва рақс бошад. Зеро ба навиштаи нашрия «мо ҷузъ ин ганҷ дигар чизе надорем. Ё дорему намедонем? Шояд...»

«Тоҷикистон» бо таваҷҷӯҳ ба барфрезиҳои рӯзҳои ахир, ба вижа дар остонаи фарорасии Наврӯз навиштааст, ки «Барфи байналмилалӣ ё магар мулки Наврӯзро «Дед мороз» ғасб кард?». Ба навиштаи нашрия, «Ҳукумат, ки медонад, Наврӯзро ба 25 март бурда монд». Аммо нашрия умедворӣ кардааст, ки «агар «Барқи Тоҷик» дар рӯзҳои Наврӯз мардумро аз барқ сероб кунад, ба маънои ҳақиқиаш «нуран ало нур» мешуд. Аммо рӯз ба рӯз об зиёд мешаваду барқ кам». Ин аст, ки нашрия менависад, «ин муамморо на Наврӯз ҳал карда метавонаду на Кӯҳнарӯз ҳал карда тавонист, ки ин худ як муаммост».

«Азия плюс»-ро паҳлӯи дигари амалкарди ҳукумат дар мавриди ҷашнгирии Наврӯз нигарон сохта ва навиштааст, ки «таҷлили Наврӯз барои ҳукуматдорон гарон афтод. Ин аст, ки онҳо соҳибкорону муаллимонро барои ҷамъоварии маблағе водор кардаанд». Ба навиштаи нашрия «дар шаҳри Душанбе масъулони бозори Шоҳмансур аз савдогарон пул талаб кардаанд, ки ҳар кадом нонфурӯш 20 сомонӣ, соҳибони меваҷот 30 то 40 сомонӣ ва дигарон 150 то 200 сомонӣ барои маҳфилҳо пардохт карданд».

«СССР» ба ҷанбаи таърихии ҷашни Наврӯз пардохта ва дар матлаби «Наврӯз: аз фетишизм то ислом» навиштааст, ки «бо вуҷуди чанд далели хилоф, Наврӯзро наметавон куфр эълон кард». Ба навиштаи нашрия «дуруст он аст, ки чун ин ҷашн аз аҷдодамон ба мерос монда ва хосияти ба ҳам омадану сарҷамъӣ ва муттаҳидиро дорад, дар шароити кунунӣ пазируфтани он на ҳамчун тафаккури динӣ, балки ба унвони мероси фарҳангии миллӣ ба мақсад мувофиқ аст. Ва нашояд, ки аз ҷиҳати сиёсӣ ё мазҳабӣ онро дар ҷойи аввал гузошт». Чун ба навиштаи нашрия, «асл бояд хештаншиносӣ ва ҳамоҳангӣ бо табиат бошад, ки худованд офаридааст.»

«Миллат» Наврӯзро ҷашни табиӣ хонда ва навиштааст, ки "овезаву навиштаҳо ва гулкориҳои маснӯъии кӯчаҳои Душанбе ба фарқ аз ҷашнҳои сохта камтар дил мебаранд. Аммо муҳимтар аз ҳама рӯҳияи мардум аст, ки омодаи таҳаввуланд".
XS
SM
MD
LG