Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лимити барқ дар Наврӯз ҳам лағв намешавад


Ширкати “Барқи тоҷик” гуфт, дар рӯзҳои таҷлил аз Наврӯз ҳам лимити нерӯи барқ тағйир нахоҳад ёфт.

Ба гуфтаи мақомоти ин ширкат, сардиҳои шадид боиси коҳиши маҷрои об ба обанбори Норак шудааст ва ин тағйири лимит дар рӯзҳои Наврӯзро номумкин мегардонад.

Ширкати "Барқи тоҷик" дар як баёнияи расмӣ гуфт, "дар рӯзи 20-уми март сатҳи обанбор дар нуқтаи 861,05 метр қарор дорад. То нуқтаи ниҳоии техникӣ 4,05 метр об боқӣ мондааст."

Лимити барқ дар Тоҷикистон аз 12-уми октябри соли гузашта идома дорад, вале дар моҳи март дар рустоҳо ба мардум дар шабонарӯз ҳамагӣ 2-3 соат барқ медиҳанд.

Ширкати “Барқи тоҷик” як ҳафта қабл эълом карда буд, ки ба эҳтимоли қавӣ маҷбур хоҳад шуд, интиқоли нерӯи барқ ба хонаҳои мардумро камтар кунад, зеро маҷрои ками об, сабаби коҳиши тавлиди нерӯи барқ хоҳад шуд.

Ширкат дар як баёнияи расмӣ гуфта буд, “бо сабаби нобаҳангом паст шудани ҳарорати ҳаво ва кам гаштани маҷрои об дар рӯдхонаи Вахш истеҳсоли нерӯи барқ дар миқёси кишвар” коҳиш меёбад. То кунун ба истиснои шаҳри Душанбе, ноҳияҳои кишвар дар як шабонарӯз то 5 соат нерӯи барқ мегирифтанд ва ҳоло ба гуфтаи мақомот эҳтимол дорад, ба хонаҳои мардум дар як шабонарӯз то аз се то чаҳор соат нерӯи барқ дода шавад.

Таври маълум, Тоҷикистон дар мавсими гармо бештар аз ниёзи дохилӣ нерӯи барқи обӣ тавлид мекунад, вале дар мавсими сармо ва тақрибан ним сол ба нерӯи барқи изофӣ мӯҳтоҷ мешавад.

Ахиран бархе аз нашрияҳо бо такя ба қавли коршиносон навиштанд, ки барқи Тоҷикистон ба Афғонистон меравад. Вале Абдулло Ёров, раиси ширктаи "Барқи тоҷик" ин иддаоро рад карда ва гуфт, ки феълан Тоҷикистон ягон киловатт соат нерӯи барқашро ба Афғонистон намефурӯшад.
XS
SM
MD
LG