Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нархи тифли якмоҳа -- 1000 доллар?


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Ду сокини ноҳияи Масчо қасд доштанд, тифли якмоҳаро ба ивази ҳазор доллари амрикоӣ бифурӯшанд.

Маъмурони интизомии ноҳияи Масчо аз фурӯши тифли якмоҳа дар шаҳраки Бӯстон, маркази ин ноҳия ҷилавгирӣ кардаанд. Додситонии Масчо мегӯяд, ки хоҳарон -- Гулзода Довудова ва Завра Элчибоева аз сокини шаҳри Хуҷанд Сайёра Баротова ба ивази як кӯдаки навзод ҳазор доллари амрикоӣ талаб кардаанд.

Мӯъмин Халифаев, муфаттиши парванда гуфт, ин тифлро духтари хонум Довудова бидуни издивоҷи расмӣ ба дунё овардааст. Ба қавли вай, Сайёра Баротова гуфтааст, кӯдакро барои бародари бефарзандаш аз роҳи қонунӣ гирифтанӣ буд. Ҳоло ин тифлро, ки Фирӯза ном дорад, наздиконаш нигоҳбонӣ мекунанд.

Додситонии Масчо нисбат ба Гулзода Довудова ва Завра Элчибоева бар асоси банди 167-уми Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне "хариду фурӯши ноболиғ бо маслиҳати пешакӣ" парванда боз кардааст. Азбаски дуввумӣ фарзанди ноболиғ доштааст, ба шарти тарк накардани маҳалли зисташ аз боздошт раҳо шудааст.

Ин ҳодисаи нахустини фурӯши тифли навзод дар манотиқи Тоҷикистон нест. Соли гузашта низ дар вилояти Суғд як мавриди фурӯши ғайриқонунии кӯдак ошкор гардид. Он вақт як сокини ҷамоати Саъдии Шерозии ноҳияи Зафаробод, ки муваққатан дар шаҳри Чкаловск ба сар мебурд, дар зоишгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров писар таваллуд карда, баъди як ҳафтаи аз бемористон рухсат шуданаш кӯдаки худро дар ивази 500 доллар фурӯхта буд.

Аз ин пештар, додгоҳи Хуҷанд се сокини ин шаҳрро бо гуноҳи хариду фурӯши кӯдаки навзод ба се соли зиндон маҳкум карда буд. Коршиносон сабаби инро ба зиёдии фарзандхоҳону камии кӯдакони бекасу танҳо дар кӯдакистонҳо марбут медонанд.

Гулчеҳра Эргашева, раҳбари кӯдакистони махсуси Хуҷанд, мегӯяд, дар ҳоли ҳозир дар ин ягона кӯдакистони атфоли ширхора танҳо 10 кӯдак мунтазири фарзандхоҳононанд. Аммо теъдоди талабгорони фарзандхонӣ 400 нафар аст, ки бархе чандин сол боз барои бо роҳи қонунӣ гирифтани тифл бесаброна навбат мепоянд. Аз ин рӯ, бархе бефарзандон бо роҳи ризояти тарафайн ё пардохти маблағ мехоҳанд тифлеро барои фарзандхондӣ бигиранд. Ба қавли ӯ. маъмулан модароне кӯдаки худро ба каси бегона медиҳанд, ки таваллуди он фарзанд барои онҳо матлуб набудааст ё бе никоҳ ба дунё овардаанд.

Аммо дар мисоли ҳодисаи ахир дар ноҳияи Масчо, модари ҷавон ба хотири пинҳон доштани асрор нахостааст тифлашро ба кӯдакистон супорад. Чунки ҷомеаи Тоҷикистон модари тифли беникоҳ ба дунё овардаро шадидан маҳкум мекунад.

Шӯъбаи васоят ва парастории ҳукумати Суғд мегӯяд, дар соли гузаштаи 2011 танҳо дар шаҳри Хуҷанд 12 оилаи бефарзанд ва дар миқёси вилоят беш аз 100 оила тифли хешу пайвандони худро бо ризояти тарафайн ба фарзандӣ қабул кардаанд. Аксари он модарони кӯдакдода ду ё бештар фарзанди дигар доштаанд.
XS
SM
MD
LG