Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти ЕвразЭС: "Сӯҳбат барои сӯҳбат"


Дар ҷараёни нишасти сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Авруосиё дар Маскав масъалаи таҷдиди сохтори ин созмон баррасӣ шудааст. Мақомоти баландпояи Тоҷикистону Русия, Белорус, Қазоқистон ва Қирғизистон мувофиқат кардаанд, масъалаи мазкур дар нишастҳои баъдӣ баррасӣ шавад. Ба гуфтаи таҳлилгарон, бо интихоби дигарбораи Владимир Путин ба мақоми раиси ҷумҳури Русия, ин кишвар саъй дорад, талошҳоро барои ҳамоиши кишварҳои собиқи шӯравӣ бештар кунад. Таҳлилгарон Иттиҳодияи Авруосиёро аз созмонҳои беҳосиле меноманд, ки барои ҳамгироии иқтисодии кишварҳои узваш кори ҷиддие анҷом надодааст.
XS
SM
MD
LG