Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Йоахим Гаук раисиҷумҳури Олмон интихоб шуд


Йоахим Гаук ва Ангела Меркел
Йоахим Гаук ва Ангела Меркел
Бо аксарияти орои аъзои порлумони Олмон Йоахим Гауки 72-сола раисиҷумҳури ин кишвар интихоб шуд. Роҳиби собиқ ва ҳомии ҳуқуқи инсон аз Олмони Шарқӣ шахсе шумурда мешавад, ки андешаи худро пинҳон намедорад. Коршиносон мегӯянд, ин хислат ӯро ба ҳамкори “душвор”-и сарвазир Ангела Меркел табдил хоҳад дод. Гаук дар раёсати ҷумҳурӣ ҳампаймони Меркел Кристиан Вулфро иваз кард, ки моҳе пеш зимни моҷарои фасод истеъфо дод.
XS
SM
MD
LG