Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти раиси кашфи Қаззофӣ дар Мавритания


Абдулло Сенуссӣ
Абдулло Сенуссӣ
Баъд аз боздошти Абдулло Сенуссӣ-раиси хадамоти кашфи ҳукумати Муаммар Қаззофӣ дар Мавритания ҳукумати кунунии Либия аз Мавритания хостааст, ки Сенуссиро ба Либия супорад. Муҳаммад Ҳаризӣ-сухангӯи Шӯрои Миллии Гузори Либия таъкид кард, ки Сенуссӣ бояд ба Либия таслим ва ба додгоҳ кашонда шавад. Бо вуҷуди ин, Додгоҳи байналмиллалии ҷурму ҷиноёт ё ICC низ барои ҷиноятҳои зидди башарӣ Сенуссиро муттаҳам медонад. Фаронса низ мехоҳад, ки вайро барои ҳамдастӣ дар бамгузории соли 1989 дар як ҳавопаймо ба Фаронса таслим кунанд. Он вақт дар бамгузории ҳавопаймо 170 нафар ба ҳалокат расида буданд. Аммо Мавритания мегӯяд, ки дар оғоз бояд расидагиҳои худро анҷом диҳад, он вақт масъаларо дар бораи таслим кардани Сенуссӣ баррасӣ хоҳад кард. Мақомоти расмии Мавритания мегӯянд, Сенуссиро баробари вуруд ба фурудгоҳи Ноукхотт боздошт кардаанд. Вай бо парвозе аз Марокаш ба Мавритания омадааст. Сенусссӣ соли гузашта аз Либия фирор карда буд, замоне, ки режими Муаммар Қаззофӣ аз ҳам мепошид.
XS
SM
MD
LG