Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Боку ҷавонони мухолиф раҳпаймоӣ анҷом доданд


Рӯзи шанбе ҷавонони мухолифи давлати Озарбойҷон дар шаҳри Боку раҳпаймоии 10 километрӣ анҷом доданд. Бино ба гузориши бахши озарии радиои Озодӣ, дар ин раҳпаймоӣ, ки онро Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқи ҷавонон созмон додааст, ҳазорон нафар ширкат ҷустаанд. Ширкаткунандагон барои анҷоми раҳпаймоӣ иҷозаи расмӣ доштаанд. Онҳо “Қарбоғ”, “Зиндониёни сиёсиро раҳо кунед”, “Таҳсил бидуни ришва” ва мисли он шиор медоданд. Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқи ҷавонон аз созмонҳои ҷавонони чанд ҳизби сиёсии мухолифи давлат иборат аст.
XS
SM
MD
LG