Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Молдова пас аз 900 рӯз соҳиби президент шуд


Вакилони порлумони Молдова президенти нави ин кишварро интихоб карданд ва ба бунбасти сиёсии қариб сесола хотима гузоштанд.

Президенти Молдоваро на аҳолӣ, балки порлумони ин кишвар интихоб мекунад. Дар ҳоле ки борҳо раъйдиҳӣ дар маҷлис комёб нагашт, ин дафъа Николае Тимофтӣ, номзади эътилофи ғарбгарои Молдова ҳамагӣ бо як раъй бар замми 61 овози зарурӣ, президент интихоб шуд.

Се вакиле, ки қаблан дар ҳайати мухолифони коммунист буданд ва як вакили мустақил рӯзи ҷумъа ба тарафдорӣ аз Тимофтӣ раъй доданд. Раиси кумиссюни махсуси интихоботӣ Тудодр Делю эълон кард, ки ҷаноби Тимофтӣ 62 раъй гирифт, ки аз панҷ се ҳиссаи раъйҳои қонуниро ташкил медиҳад.

Тимофтӣ, додрас ё судяи 63-сола зоҳиран тамоюли муайяни сиёсӣ надорад ва ягона номзад дар ин интихобот буд. Дар паёмаш ба порлумон вай гуфт, аз талошҳои сарвазир Влад Филат барои наздик кардани Молдова ба Аврупо ҳимоят мекунад: "Мо ба идеяе ниёз дорем, ки ҷомеаро муттаҳид кунад ва пеш барад ва ин идея ҳамоиш бо Аврупост.”

Тимофтӣ ваъда дод, ки ба сиёсат ворид нахоҳад шуд ва аз ҳамаи шаҳрвандони Молдова намояндагӣ хоҳад кард. Молдова пас аз истеъфои президенти коммунисташ Владимир Воронин дар 900 рӯзи пеш бе раисиҷумҳур буд.

Ҳизби коммунист бо шунидани натиҷаи интихобот дар порлумон эълом дошт, ки даст ба тазоҳурот хоҳад зад. Тарафдорони ҳукумат гуфтаанд, тазоҳуроти алтернатив барпо хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG